Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамдигарфаҳмӣ ҳаст: Қирғизистон аз зарурати анҷоми музокироти марзӣ бо Тоҷикистон гуфт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото
Пограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Қирғизистон аз давраи мушкил миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳарф зада гуфт он паси сар шуд ва ба зарурати анҷоми музокироти марзӣ ишора кард
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Қирғизистон ва Тоҷикистон дар мавриди зарурати анҷоми музокирот дар бораи марз ба тавофуқ расиданд, гуфт вазири умури хориҷаи Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев.
"Дар равобит бо Тоҷикистон як давраи хеле душвор буд. Ҳодисаи сентябрӣ... Баъд аз он мо муддати хеле тӯлонӣ музокироти пӯшида анҷом додем. Ҳоло вазъ беҳтар шуда истодааст. Ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби мо ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад, ки гуфтушуниди марзиро ба охир расондан лозим аст.
Охири соли гузашта гуфтушунид ба самти мусбат пеш рафт. Фикр мекунам имсол музокиротро фаъолтар идома медиҳем", — гуфт ӯ дар суҳбат бо "Биринчи радио".
Ин дар ҳолест, ки ахиран кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон зимни суҳбати телефонӣ ба масоили марзӣ дахл карданд.
Онҳо низ аз фаъолнокии раванди музокирот дар чорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Дуои сулҳ дар соли нав: мулоқоти сокинони ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0