Бонки миллӣ ба “Шукр Молия” иҷозатнома дод

Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ иҷозатнома дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.
Тибқи иттилои манбаъ қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби раёсати Бонк ба имзо расидаст.
Қарори мазкур мутобиқи моддаи 42 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14, 21 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба имзо расидааст.
Таъкид шудааст, ки дар асоси қарори мазкур департаменти назорати бонкӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
“Эмин Сармоя” метавонад бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ амалиёти бонкӣ анҷом диҳад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки миллӣ чунин як иҷозатномаро ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” дода буд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 18 Ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият мекунад.