ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Роҳбари Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин аз оқибати сафари фиристодаҳои ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.
Вай зимни посух ба суол дар мавриди афзоиши боздидҳои намояндагони ИМА аз минтақа гуфт, "одамон ин ҷо хирадманду босаводанд ва медонанд, ки ин чӣ паёмадҳо дошта метавонад".
Вай паёмадҳои бади наздикии Аврупо бо ИМА-ро мисол овард, ки ба гуфтааш бештар аз шарикони стратегиянд, аммо барои аврупоиҳо ин бо бекорӣ, бастани корхонаҳо ва мушкилоти дигар анҷомид.
Ӯ гуфт, ИМА дар "пӯсти гӯсфанд" меояд, аммо дандонҳои гургонааш намудоранд. Володин зикр намуд, ки маҳз ИМА барои худ манобеи нерӯро бо як нарх мехараду барои Аврупо бо 4 баробар қимат мефурӯшад.
Инчунин ба гуфтаи роҳбари Дума, ИМА Аврупоро водор ба ҷанги таҳримӣ алайҳи Русия намудаст, ки ба зарарарашон анҷомидаст. Вай гуфт, ИМА дар пӯсти гӯсфанд меояд, аммо дандонҳои гургонааш намудоранд.
"Тарҳҳои моро пас гардонданд, ки имкони таъмини энергияи арзонро доштанд, чун маҳз ин энергия пойгоҳи рушди саноати Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо буд", - таъкид намуд Володин.
Раиси Думаи давлатӣ афзуд, ки ин ҳама натиҷаҳоро дар кишварҳои Осиё мебинанд, ки бо мо дар заминаи эҳтироми тарафайну дахолат накардан ба умури дохилии ҳамдигар ҳамкорӣ доранд.
Вай гуфт, бо кишварҳои осиёӣ муштаракоти зиёд доранд ва мисол овард, ки бор кардани қавонини худ дар масъалаи муносибот, талоши вайрон кардани оилаҳо ва таҳмили арзишҳояшон қобили қабул нест.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Вячеслав Володин бо сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дошта, мулоқоташ бо мақомдорони баландпояи ин кишвар сурат гирифтанду бархеи дигар назаранд.