Маскав гуфт, фиристодаҳои Вашингтон дар Осиёи Миёна чӣ ваъдаҳо медиҳанду нияташон чист

Намояндаи ВУХ Русия аз ниятҳои Вашингтон барои ташкили инқилобҳои ранга ва ваъдааш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сурати риояи таҳримҳо алайҳи Маскав гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. ИМА талош барои таҳкими таъсираш ба кишварҳои Осиёи Марказиро густариш дода, азм дорад, давлатҳои минтақаро гапдарои худ созад. Сафарҳои афзояндаи мақомдорони амрикоӣ ба кишварҳои минтақа ҷой доранд, изҳор дошт сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова.
Вай аз ҷумла аз талошҳои мақомдорони амрикоӣ барои водор сохтани кишварҳои минтақа ба иҷрои таҳримҳои роҳандозишуда алайҳи Русия гуфт.
"Давлатҳои минтақаро ба риояи таҳримҳои ғайриқонунии худ алайҳи кишвари мо ташвиқ мекунанд. Ин ба таври амрикоӣ, густохона сурат мегирад, дар мавриди фоидаҳое мегӯянд, ки гӯиё дар сурати риояи фармонҳои Вашингтон метавонанд ба даст оянд", - изҳор дошт ӯ.
Ҳушдори раҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ аз хатари ДОИШ* ва вазъи Афғонистон
Ба гуфтаи Захарова, фиристодаҳои амрикоӣ дар минтақа ваъдаҳое барои иштирок дар "лоиҳаҳои ояндадор" медиҳанд.
"Озмоиши демократисозӣ, ки Вашингтон барои он пулро ғанимат намедонаду замина барои инқилобҳои рангаро фароҳам оварда, ниятҳои некро вонамуд мекунанд, ҳадафи тобею гапдаро намудани кишварҳоро дорад", - гуфт ӯ.
Ин таъкидҳо дар ҳолеянд, ки қаблан низ раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо амниятиҳои аршади кишварҳои минтақа аз зӯргӯиҳои кишварҳои ғарбӣ гуфт.
Шеваи фишору таҳдиду тарс дер боз дар қаламрави ИДМ низ истифода мешавад, қасд доранд, инқилобҳои ранга ташкил кунанд, низоъҳои мусаллаҳонаи хатарнок барои ҳамаи аъзои ИДМ-ро барангезанд, таъкид намуд ӯ.