ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раиси Ассамблеяи рӯҳониёни мусулмонони Русия Албир Крганов пешниҳод кард, ки лоиҳаи вижаи "Изге Сукмак" ("Роҳи муқаддас") таъсис дода шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ин барнома метавонад ба зиёрати ёдгориҳои пайравони ислом дар Федератсияи Русия бахшида шавад.
Крганов дар ин бора ба хабаргузории РИА "Новости" дар ҳошияи ҷаласаи кумитаи тадорукотӣ оид ба таҷлил ва баргузории 1100-умин солгарди қабули ислом дар Булғорияи Волга дар соли 2022 хабар дод.
Вай ёдовар шуд, ки бисёре аз конфессияҳо дар Русия тарҳҳои сайёҳиро амалӣ мекунанд, ки мустақиман ба дин рабт доранд.
"Масалан, православҳо ҳалқаи тиллоӣ доранд, ки ба калисоҳо, дайрҳо дар Суздаль, Владимир ва дигар шаҳрҳо ташриф меоранд. Дар саросари кишвар барои онҳо ҷойҳо мавҷуданд",- гуфт мавсуф.
Муфтӣ афзуд, ки Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Федератсияи Русия аз ташаббуси таъсиси “Роҳи муқаддас” пуштибонӣ кардааст. Ба гуфтаи ин ходими динӣ, сайёҳии дохилӣ дар солҳои охир ривоҷ ёфта истодааст.
"Мо ба таърих, ёдгориҳои фарҳангии худ дорем таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Дар Чувашистон, Тотористон, Бошқирдистон, Оренбург, Пенза ва дигар минтақаҳо барои мусулмонон бисёр ҷойҳои таърихӣ мавҷуданд. Шумо на танҳо дар Аврупо ва ҷаҳон сафар кунед, бояд онҳоро низ тамошо кунед,", - гуфт Крганов.
Номбурда афзуд, ки лоиҳаи туризми вижаи мусулмонӣ ба рушди соҳа бо кишварҳои ИДМ равона шудааст.