Хонасозӣ кори осон: Душанбе симои худро дигар мекунад, вале бо мушкилоти бузург

Пойтахти Точикистон симои худро сол то сол тағйир дода, зеботару замонавӣ мегардад. Дар Душанбе, чун дар саросари кишвар сохтмон босуръат давом дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Манзилҳои куҳна оҳиста-оҳиста вайрон шуда, ба ҷои онҳо асарҳои бисёрошёнии меъморӣ месозанд. Аммо, чун маъмул, лоиҳаҳои калонҳаҷм ҳеҷ гоҳ бидуни мушкилот ба анҷом намерасанд.
"Зиёда аз 60 сол мешавад, ки дар хонаи заминӣ зиндагӣ мекунам. Ҳоло ба ҳама сокинони маҳаллаи мо гуфтаанд, ки онро тахриб мекунанд. Ба кадом сабабе, ки ҳангоми ҳисоб кардани андозаи манзилҳои барои мо пешбинишуда ҳамчун ҷуброн, намояндагони ширкати сохтмонӣ танҳо ҳаҷми манзили зистро ба назар мегиранду биноҳои дохили ҳавлиро ҳисоб намекунанд”, - шикоят мекунад, сокини Душанбе Орзу Шарифов.
Дар омади гап, ин на аввалину даҳумину садумин нидои хашмгинона аст, ки ба ширкатҳои сохтмонӣ нигаронида шудааст.
Ташкилотҳои бинокоре, ки аз маъмурияти Душанбе иҷозатнома гирифтаанд, аксар вақт қонунгузории дахлдорро ба манфиати худ маънидод мекунанд. Қонуни тиҷорат - бештар бигиру камтар бидеҳ.
Афзоиши сохтмони манзил дар Тоҷикистон
Ягона нуқтае, ки онҳо ба таври қатъӣ риоя мекунанд, ин талаби ҳукумати пойтахт аст, ки ба сокинони хонаҳояшон тахрибшуда, ба ҷои хонаи кӯҳна 30% бештар майдони нави истиқоматӣ дода шавад.
Ва ин фаҳмост, ревизорҳои идораи шаҳри Душанберо фиреб додан мумкин нест — дарҳол аз иҷозатнома маҳрум мекунанд.
"Бинокорон аз ба инобат гирифтани андозаи қитъаи замин, шумораи дарахтон худдорӣ мекунанд. Замин дар Тоҷикистон, албатта, моликияти давлат аст, аммо ман мунтазам андоз месупорам, ҳоло чӣ - ҳама ин бехуда аст?.. Як навъ афзоиш бояд бошад!” — мегӯяд бо ғазаб сокини Душанбе Алиҷон Набиев.
Барои соҳибони манзилҳои баландошёнӣ осонтар аст — майдони зисти онҳо дар як ҳин ҳисоб карда мешавад. Аммо ин ҷо ҳам мушкилот аст. Масалан, тибқи шартҳои иҷораи манзил соҳиби хона бояд ҳаммом, ҳоҷатхона, раковина, тиреза ва дарҳоро монад. Бинокор бояд ҳамаи инро дар манзили нав насб кунад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мегӯяд, арзиши манзил дар Тоҷикистон гарон нест
Аммо, аксар вақт маълум мешавад, ки “хушбахт”-и сокинони навхона қуттии бетонии урён аст, ки ҳатто деворҳояшон гачкорӣ нашудааст. Сокинон бояд мустақилона онро таъмир карда, ҷиҳози нав харанд. Бо назардошти нархи имрӯзаи воридот (ва ин гуна маҳсулот дар Тоҷикистон истеҳсол карда намешавад), чунин сарборӣ қариб чоряки нархи манзил арзиш дорад.
Гузашта аз ин, дар ҷои биноҳои хусусӣ ё пастошёна, бинокорон аз рӯи стандартҳои маҳаллӣ "биноҳои осмонбӯс" (10-12 ошёна) месозанд. Дар баробари ин, чун қоида, барои ҳисоб кардани иқтидори канализатсия ва қубурҳо касе машғул намешавад. Аз ин ҷост, ки дар ошёнаҳои болоии биноҳои нав обрасонӣ мушкил дорад ва канализатсия низ суст кор мекунад.
Дар замони Шӯравӣ меъёрҳои қатъии сохтмони манзил вуҷуд дошт, ки саркашӣ аз онҳо метавонист ба ҳукми ҳақиқии зиндон оварда расонад. Акнун — демократия, ки баъзехо онро чун “иҷозаи ҳамаи чиз” маънидод мекунанд.
Чунин ба назар мерасад, ки шӯъбаҳои меъмории ҳукуматҳои сатҳҳои гуногун бояд инро қатъиян риоя кунанд, аммо шавқу рағбат каме бештар аз сифр аст. Ягона коре, ки онҳо мекунанд, “ба ҷо” кардани нақшаи генералии пойтахт буд, то "ба дасти террористон наафтад".
Президент дар Хуҷанд ба 45 табибу омӯзгор хона дод
Дар ҳамин ҳол, худи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои давлатӣ ва хусусии марбут ба бунёди иншооти нав қатъиян дастур додааст, ки ба ҷои иншооти тахрибшуда, ба таври қатъӣ сокинон бо риояи тамоми бандҳои Кодекси манзил, таъмин шаванд, то сокинони навбунёд худро аз чизе маҳрум ҳис накунанд.
Шояд маъмурияти Душанбе дар додани литсензия ба ширкатҳои сохтмонӣ, ки шумораи онҳо дар кишвар мисли занбуруғи баъди борон меафзояд, ҷиддитар бошад. Охир, онҳо бо беинсофӣ обрӯи ҳокимиятро паст мекунанд. Маълум мешавад, ки сохтмончиёни навкорам худро аз дастури сарвари давлат болотар медонанд?
Ҳоло сокинони маҳалла, ки дар ибтидои матлаб мавриди баҳс қарор гирифт, аз ҳуқуқи худ дар додгоҳ дифоъ карданианд.
Одамони ботаҷриба мегӯянд, ки бефоида аст. Ягона умед ин аст, ки бевосита ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шикояти дастаҷамъона бирасонем. Агар вай ин масъаларо таҳти назорат гирад, натиҷаҳои мусбат зуд ҳувайдо мешавад.