https://sputnik.tj/20220830/afzoishi-sokhtmoni-manzil-dar-tojikiston-1051021192.html
Афзоиши сохтмони манзил дар Тоҷикистон
Афзоиши сохтмони манзил дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Зарфи ҳашт моҳ дар Тоҷикистон афзоиши мизони сохтмони манзилҳои истиқоматӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 3,9% зиёд шудааст
2022-08-30T10:18+0500
2022-08-30T10:18+0500
2022-08-30T14:08+0500
дар тоҷикистон
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
сохтмони манзилҳо
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/62/1031516210_0:564:2637:2048_1920x0_80_0_0_8fdc36b0bc7a312620ca3582eaae6046.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ афзоиши чашмгире доштааст.Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо асосан биноҳои истиқоматии 1 ва 2-ошёна сохта мешаванд, хабар медиҳад, "Авеста" дар такя ба Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба масоҳати умумии 683 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Бино ба иттилои Кумита, биноҳои бисёрошёна асосан дар шаҳру марказҳои вилоятӣ, ки шабакаҳои канализатсия мавҷуд аст, сохта мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар ин давра 105,1 хазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки ин 15,3 фоизи масохати умумии хонахои сохташударо ташкил медихад.Маврид ба зикр аст, ки қаблан Маҳмадсаид Зувайдзод, раҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар гуфт, ки арзиши хонаҳо дар Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳо баланд нест.Ба таъкиди ӯ, нархи як метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна 4 170 сомониро ташкил медиҳад."Се сол гузашту қарори ҳукумат иҷро намешавад": Нигаронии Юсуф Раҳмон аз сохтмонҳоГуфта мешавад, тамоми муқаррарот ва қоидаҳои шаҳрсозии Тоҷикистон бо назардошти шароити меъморӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, талаботи бехатарии сӯхтор ва сейсмикӣ таҳия шудаанд.Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ, дар кишвар, дар маҷмуъ 2108 ширкат иҷозатномаи сохтмонӣ доранд, ки 53-тои онҳо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои Туркия ва дигар кишварҳо мебошанд.
https://sputnik.tj/20220722/khona-osiyo-markazi-arzon-1050196487.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/62/1031516210_8:609:1927:2048_1920x0_80_0_0_f3a58198154545bc6529dda43e6f03d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш сохтмон манзил тоҷикистон
афзоиш сохтмон манзил тоҷикистон
Афзоиши сохтмони манзил дар Тоҷикистон
10:18 30.08.2022 (Навсозишуда: 14:08 30.08.2022) Зарфи ҳашт моҳ дар Тоҷикистон афзоиши сохтмони манзилҳои истиқоматӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мушоҳида шуда, ки ин афзоиш 3,9% гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ афзоиши чашмгире доштааст.
Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо асосан биноҳои истиқоматии 1 ва 2-ошёна сохта мешаванд, хабар медиҳад, "Авеста" дар такя ба Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба масоҳати умумии 683 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Бино ба иттилои Кумита, биноҳои бисёрошёна асосан дар шаҳру марказҳои вилоятӣ, ки шабакаҳои канализатсия мавҷуд аст, сохта мешаванд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе дар ин давра 105,1 хазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки ин 15,3 фоизи масохати умумии хонахои сохташударо ташкил медихад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Маҳмадсаид Зувайдзод, раҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар гуфт, ки арзиши хонаҳо дар Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳо баланд нест.
Ба таъкиди ӯ, нархи як метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна 4 170 сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, тамоми муқаррарот ва қоидаҳои шаҳрсозии Тоҷикистон бо назардошти шароити меъморӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, талаботи бехатарии сӯхтор ва сейсмикӣ таҳия шудаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ, дар кишвар, дар маҷмуъ 2108 ширкат иҷозатномаи сохтмонӣ доранд, ки 53-тои онҳо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои Туркия ва дигар кишварҳо мебошанд.