Оғози интиқоли колоҳои эронӣ ба Афғонистон тариқи роҳи оҳан

Расонаҳои хабар доданд, ки роҳи оҳани Ҳирот - Хоф то ду моҳи оянда такмил шуда ва қарор аст Эрон интиқоли коло аз ин тариқро ба Афғонистон оғоз кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Идораи роҳи оҳани Афғонистон эълом кардааст, ки кори таъмири хати роҳи оҳани Хоф - Ҳирот бо суръат идома дорад ва то ду моҳи оянда пурра таъмир мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки бо такмили хати роҳи оҳани Хоф – Ҳирот, Эрон ваъда додааст то интиқоли коло аз ин тариқ ба Афғонистонро дар ояндаи наздик оғоз кунад.
Қарор аст роҳи оҳани Хоф – Ҳирот солона 6 миллион тон бор интиқол диҳанд ва тариқи он як миллион мусофир равуо кунанд.
Азми Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан ба Афғонистон
Расонаҳо хабар доданд, ки сохтмони ин роҳи оҳан на танҳо ба тиҷорати Афғонистон бо Эронро тақвият медиҳад, балки аҳамияти зиёде барои соири кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин ва Ҳинд дорад.
Хабар дода шудааст, ки ин масири роҳи оҳан бахше калидӣ аз пружаи 2 миллиарддолларии каридори роҳи оҳани панҷ кишвар (FNRC) аст.
Лоиҳаи каридори хати роҳи оҳани панҷ кишвар эҳдоси як хати роҳи оҳани убуркунанда аз кишварҳои Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро пешбинӣ мекунад, ки бо идома ба Туркия хоҳад расид. Ин хати роҳи оҳан кишварҳои ёдоваршударо на танҳо ба якдигар, балки ба Аврупо муттасил хоҳад кард.
Илова бар хати роҳи оҳани Хоф – Ҳирот, Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон низ иқдомоти амалии сохти хати роҳи оҳани “Транс-афғон” бо ҳадафи барқарории иртибототи роҳи оҳанӣ байни Тирмиз ва Пешоварро оғоз карданд.