ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Владимир Путин ва Денис Пушилин созишнма дар бораи қабули Ҷумҳурии мардумии Донетск ба ҳайати Федератсияи Русия ва ташкили субъекти нав дар ин кишварро ба имзо расонд.
Ҳамин гуна созишномаҳо аз сӯйи роҳбарони Ҷумҳурии мардумии Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запарожие низ ба имзо расид.
Ҳамин тавр ба ҳайати Русия чаҳор вилояти бузурги Украина пайваст.
Маросими имзои санадҳо дар бораи пайвастани чаҳор вилояти Украина ба ҳайати Федерацияи Русия имрӯз дар кохи Кремлин сурат гирифт. Президенти Русия Владимир Путин санадҳои мазкурро дар толори Георгиевскийи Қасри Калони Кремл ба имзо расонид.
Аз 23 то 27 сентябр дар вилоятҳои ҶМЛ, ҶМД, вилоятҳои Запорожие ва Херсон ҳамапурсӣ барои пайвастан ба ҳайати Русия баргузор шуд.
Натиҷаи овоздихӣ нишон дод, ки аксари сокинони ин вилоятҳо тарафдори дохил шудан ба хайати Русия мебошанд. Рӯзи чаҳоршанбе сарони ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запорожье ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо пешниҳоди пазируфтани минтақаҳои онҳо ба Русия ба ҳайси субъектҳои нави Русия муроҷиати расмӣ карданд.