Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин ба Киев қатъи оташу музокирот пешниҳод кард: Натиҷаи раъйдиҳӣ баррасӣ нахоҳад шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия мақомдорони Киевро ба музокирот даъват намуда, таъкид кард, ки натиҷаи раъйпурсии ахир мавриди баррасӣ қарор дода нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Халқи ношикастаи Донбассу манотиқи озодшудаи Херсону Запроже интихобашонро карданд ва онҳо барои ҳамеша шаҳрвандони Русияанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни маросими пазируфтани 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР баён дошт. Ӯ таъкид намуд, ки миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки сокинони қаламрави раъйдода барои ҳамеша шаҳрвандони ФР мешаванд ва Киеву кишварҳои ғарбиро ба эҳтироми интихобашон даъват намуд.
Ӯ аз мақомдорони Киев ва пуштибонони ғарбияш даъват намуд, ки фавран оташро қатъ кунанду сари мизи музокирот баргарданд.
 Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Лукашенко: Давоми чанд рӯз метавон ба Украина сулҳ овард
Дар зимн изҳор дошт, Маскав омодаи музокирот аст, аммо интихоби кардаи мардум баррасӣ нахоҳад шуд, он аллакай анҷом дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, беш 87%-и сокинони вилояти Херсон ба тарафдории пайвастан ба Русия овоз доданд. Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия зиёда аз 93%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.
Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки зиёда аз 98% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро беш аз 99%-и аҳолӣ дастгирӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0