Ноиби президенти Аргентина Кристина Фернандес де Киршнерро хостанд, бикушанд, хабар дод роҳбари ин кишвар Алберто Фернандес.
"Марде ба ҷони ноиби президенти кунунӣ ва ду маротиба президенти кишвар, Кристина Фернандес де Киршнер сӯиқасд анҷом дод. Ин сангинтарин ҳодиса баъди барқарор шудани демократия аст", - изҳор дошт ӯ.
Ҳамла ба муоовини раисҷумҳури Аргентина шомгоҳон дар ҳолате рух додааст, ки Киршнер дар байни издиҳоми мардум ва рӯзноманигорон қарор дошт, ки назди хонааш дар Буэнос-Айрес ҷамъ омада буданд.
Яке аз мардоне, ки ба сиёсатмадор наздик истода буд, таппончаро ба сӯи ӯ дароз кард, аммо тир холӣ нашуд. Ноиби раисҷумҳури Аргентина осебе надид.
Ҳамлагар боздошт, аммо дар бораи сабабҳои амали ӯ ва ҷузъиёти дигар иттилоъ ироа нашудааст. Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомот гуфтанд, таппонча тир доштаст, аммо дар ҳолати сӯиқасд холӣ накардаст.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ҳамла ба Киршнерро маҳкум карданд. Аз ҷумла мақомоти Мексика, Чили ва Боливия вокуниш карданд.
Дар пайи ин ҳодиса рӯзи ҷумъа дар Аргентина таътил эълон шудааст. Бояд гуфт, ки ҷонибдорони ӯ беш аз як ҳафта аст, ки дар хонаи Киршнер ҷамъ омадаанд.
Қазия дар ҳоле рух дод, ки додситонии Арентина барои фасодкорӣ ба собиқ президенти ин кишвар, ки аз моҳи декабри соли 2007 то декабри соли 2015 раҳбарии онро ба уҳда дошт, 12 соли зиндон талаб кард. Вай дар фасодкорӣ зимни иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар вилояти Санта-Круз муттаҳам мешавад, аммо Киршнер худро қурбонии таъқиби мухолифон медонад.