https://sputnik.tj/20220902/navor-suiqasd-noib-prezident-argentina-1051112140.html
Таппонча дар пешонӣ: видеои сӯиқасд ба ҷони ноиби президенти Аргентина
Таппонча дар пешонӣ: видеои сӯиқасд ба ҷони ноиби президенти Аргентина
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлагар, ки аз ӯ сокини 35-солаи Бразилия ном мебаранд, таппончаро ба пешонии ноиби раисҷумҳури Аргентина бурд, аммо тир холӣ нашуд
2022-09-02T11:25+0500
2022-09-02T11:25+0500
2022-09-05T20:27+0500
видео
ҳодиса
ҳамлагарон
сиёсат
аргентина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051109986_0:73:1025:649_1920x0_80_0_0_33c57a19934a7e94d3c4959c4538ad39.jpg
Ноиби президенти Аргентина Кристина Фернандес де Киршнерро хостанд, бикушанд, хабар дод роҳбари ин кишвар Алберто Фернандес. Ҳамла ба муоовини раисҷумҳури Аргентина шомгоҳон дар ҳолате рух додааст, ки Киршнер дар байни издиҳоми мардум ва рӯзноманигорон қарор дошт, ки назди хонааш дар Буэнос-Айрес ҷамъ омада буданд. Яке аз мардоне, ки ба сиёсатмадор наздик истода буд, таппончаро ба сӯи ӯ дароз кард, аммо тир холӣ нашуд. Ноиби раисҷумҳури Аргентина осебе надид. Ҳамлагар боздошт, аммо дар бораи сабабҳои амали ӯ ва ҷузъиёти дигар иттилоъ ироа нашудааст. Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомот гуфтанд, таппонча тир доштаст, аммо дар ҳолати сӯиқасд холӣ накардаст. Дар марги Абэ муҳофизонаш ҳам "гунаҳкоранд"Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ҳамла ба Киршнерро маҳкум карданд. Аз ҷумла мақомоти Мексика, Чили ва Боливия вокуниш карданд. Дар пайи ин ҳодиса рӯзи ҷумъа дар Аргентина таътил эълон шудааст. Бояд гуфт, ки ҷонибдорони ӯ беш аз як ҳафта аст, ки дар хонаи Киршнер ҷамъ омадаанд.Қазия дар ҳоле рух дод, ки додситонии Арентина барои фасодкорӣ ба собиқ президенти ин кишвар, ки аз моҳи декабри соли 2007 то декабри соли 2015 раҳбарии онро ба уҳда дошт, 12 соли зиндон талаб кард. Вай дар фасодкорӣ зимни иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар вилояти Санта-Круз муттаҳам мешавад, аммо Киршнер худро қурбонии таъқиби мухолифон медонад.
аргентина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051109986_43:0:952:682_1920x0_80_0_0_c91b739e7914f9290e92489f7e49488c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамлагар, сокин, аргентина, ноиб, президент
ҳамлагар, сокин, аргентина, ноиб, президент
Таппонча дар пешонӣ: видеои сӯиқасд ба ҷони ноиби президенти Аргентина
11:25 02.09.2022 (Навсозишуда: 20:27 05.09.2022) Ҳамлагар, ки аз ӯ сокини 35-солаи Бразилия ном мебаранд, таппончаро ба пешонии ноиби раисҷумҳури Аргентина гузошт, аммо тир холӣ нашуд
Ноиби президенти Аргентина Кристина Фернандес де Киршнерро хостанд, бикушанд, хабар дод роҳбари ин кишвар Алберто Фернандес.
"Марде ба ҷони ноиби президенти кунунӣ ва ду маротиба президенти кишвар, Кристина Фернандес де Киршнер сӯиқасд анҷом дод. Ин сангинтарин ҳодиса баъди барқарор шудани демократия аст", - изҳор дошт ӯ.
Ҳамла ба муоовини раисҷумҳури Аргентина шомгоҳон дар ҳолате рух додааст, ки Киршнер дар байни издиҳоми мардум ва рӯзноманигорон қарор дошт, ки назди хонааш дар Буэнос-Айрес ҷамъ омада буданд.
Яке аз мардоне, ки ба сиёсатмадор наздик истода буд, таппончаро ба сӯи ӯ дароз кард, аммо тир холӣ нашуд. Ноиби раисҷумҳури Аргентина осебе надид.
Ҳамлагар боздошт, аммо дар бораи сабабҳои амали ӯ ва ҷузъиёти дигар иттилоъ ироа нашудааст. Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомот гуфтанд, таппонча тир доштаст, аммо дар ҳолати сӯиқасд холӣ накардаст.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ҳамла ба Киршнерро маҳкум карданд. Аз ҷумла мақомоти Мексика, Чили ва Боливия вокуниш карданд.
Дар пайи ин ҳодиса рӯзи ҷумъа дар Аргентина таътил эълон шудааст. Бояд гуфт, ки ҷонибдорони ӯ беш аз як ҳафта аст, ки дар хонаи Киршнер ҷамъ омадаанд.
Қазия дар ҳоле рух дод, ки додситонии Арентина барои фасодкорӣ ба собиқ президенти ин кишвар, ки аз моҳи декабри соли 2007 то декабри соли 2015 раҳбарии онро ба уҳда дошт, 12 соли зиндон талаб кард. Вай дар фасодкорӣ зимни иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар вилояти Санта-Круз муттаҳам мешавад, аммо Киршнер худро қурбонии таъқиби мухолифон медонад.