Раҳбари толибон: Омодаем, то бар асоси шариати исломӣ бо Амрико биҷангем

Раҳбари толибон ахиран дар нишасти Қандаҳор гуфт, иморати исломӣ омодааст, то бар асоси шариъати исломӣ дубора бо Амрико баҷангад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охундзода, ки барои дувумин нишасти Қандаҳор ҳузур ёфт ва зимни суханрониаш таъкид кард, ки ҳадафи ҷиҳод иҷрои ин аҳкоми исломӣ буд, аз ин рӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳудуд илоҳӣ намегузарем.
Раҳбари ҳукумати муваққати толибон изҳор кард, ки ҷаҳонён ба хотири таъомул ва машруъияти байналмилалӣ ва ба номи ҳуқуқи башар мехоҳанд ҳудуди исломӣ иҷро нашавад, аммо дар ҳар сурат мо ин ҳудудро иҷро мекунем.

“Ман хоҳони чунин машруъият ва таомулоте нестам, ки шариати исломиро надошта бошад ва иҷро нашудани ҳудудро дар таъомул бо дунё намепазираму дубора бо онҳо меҷангам”, - гуфт ӯ.

Вай гуфт, Амрико барои ҳокимияти демократӣ дар ҷаҳон талош мекунад, аммо дар Афғонистон ҷое барои он вуҷуд надорад.
Халилзод: Ҳузури Аззавоҳирӣ дар Кобул ба эътимоди миёни Амрико ва толибон осеб расонд
Раҳбари ҳукумати муваққати толибони афзуд, агар бархилофи шаръи ислом таъомул кунем ҳамаи мардум бояд роҳи худро ҷудо кунанд, зеро ҳадафи ҷиҳод иҷрои ин аҳкоми исломӣ буд.
Охунзода дар бахши дигари суханонаш бо тарҳи интиқодотӣ аз масъулони ҳукумати муваққати толибон изҳор кард.
“Ман аз он қазоват ба сутуҳ омадаам, ки ҳудудро барои бузургон аъмол намекунанд ва барои афроди кучак иҷро мекунанд”, - гуфт ӯ.
Вай ҷанг ба номи хилофатро дар як кишвари исломӣ ғайриқонунӣ хонд ва изофа кард, расонаҳо ва бархе сиёсатмадорони суханони мусбати дар бораи ҳукумат намегӯянд ва таблиғоти манфӣ мекунанд.
Толибон ваъда додаанд, ки аз интиқоли террористҳо ба Украина пешгирӣ мекунанд
“Бархе аз масъулон низ аз мулоқот бо мардум пинҳон мешаванд, чунин рафторҳо бо ҳокимони низоми исломӣ созгор нест”, - таъкид кард ӯ.
Раҳбари ҳукумати муваққати толибон неруҳои ҳозир дар Панҷшерро ба хуш рафторӣ бо мардуми маҳаллӣ онҷо фарохонд ва идома дод: “иморати исломӣ барои мардуми Панҷшер бисёр бад муаррифӣ шуда ва ҳатто ба унвони Покистониҳо ва мутаҷовизони иттилоотӣ шинохта мешаванд, чун 40 соласт, ки онҷои алайҳи толибон ва иморати исломӣ таблиғ мешавад.
Ҷабҳаи зиди толибон: толибон аз ғайринизомиёни панҷшер интиқом мегирад. Охунзода бо ишора ба густариши фақр дар Афғонистон аз тоҷирони афғони хост барои ҳали мушкилоти иқтисодӣ фаъол шаванд ва ба мушовирони иқтисодии худ низ дастур дод то заминиро барои саноат дар ихтиёри сармоягузорон қарор диҳанд ва бозор мева бисозанду истихроҷи маодинро дар дастури кор қарор диҳанд.