ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Русия размоиши амрикоиҳо дар Тоҷикистонро чун талоши Вашингтон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатии низомӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунад.
Ин нуктаро Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия зимни мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, размоиши "Ҳамкории минтақаӣ-2022" бо иштироки ИМА дар қаламрави Тоҷикистон талоши навбатӣ барои ташкили пойгоҳ дар канори Афғонистон мебошад.
"Вашингтон чун пештара талоши созиш бо ҳамсояҳои Афғонистон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатӣ бо ҳадафи муборизаи зиддитеррористиро дорад", - изҳор дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, Русия размоиши таҳти фармондеҳии ИМА бо иштироки Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Муғулистон ва Покистонро дар қаламрави Тоҷикистонро маҳз аз ҳамин дидгоҳ арзёбӣ менамояд.
Дабири Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки ИМА танҳо дар сухан бо терроризм мубориза мебарад, дар амал чунин гурӯҳҳоро барои даст ёфтан ба ҳадафҳои стратегияш истифода мекунад.
Дар зимн ӯ таъкид намуд, ки нооромиҳои охир дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ қасди инқилоби ранга буданд, ки Ғарб роҳандозӣ кардаст.