"Ориёнбонк" дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагияшро боз кард

Дувумин бонки бузург ва низомсози Тоҷикистон дар Тошканд намояндагии худро боз ва аллакай иҷозатномаи ҷониби Ӯзбекистонро дарёфт кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. ҶСК "Ориёнбонк" дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин ширкати молиявӣ.
Бонки марказии Ӯзбакистон намояндагии бонки Тоҷикистонро дар Тошканд аккредитатсия кардааст.
Ҳамин тариқ Бонки марказии ҳамсоякишвар барои фаъолияти молиявӣ барои се сол, то соли 2025 иҷозатнома додааст.
Маълум аст, ки намояндагии бонки хориҷӣ танҳо барои ҳимояи манфиатҳои бонки асосӣ таъсис дода мешавад, ки вазифаи он ба дарёфти шарикон, гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ ва тадқиқоти маркетингӣ маҳдуд карда шудааст.
Намояндагии бонк бар хилофи филиал ҳуқуқ надорад амалиёти бонкиро анҷом диҳад.
БРАО: Тоҷикистон яке аз пешсафон дар рушди иқтисод аст
Маълум аст, ки аз соли 2019 дар Ӯзбекистон боз ду ташкилоти қарзии тоҷикӣ - "Алиф Тек" ва "Алиф Молия" фаъолият мекунанд. Соҳибони онҳо бонки "Алиф банк" мебошанд.
Ҳамин тариқ, "Alif tech" ҳатто барои анҷом додани амалиёт барои интиқоли фаромарзӣ, пардохт дар муассисаҳо, пур кардани тавозуни мобилӣ, пардохти хароҷоти коммуналӣ ва ғайра иҷозатнома гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҶСК "Ориёнбонк" соли 1991 (дар заминаи "Тоҷикпромстройбонк") кушода шудааст.
Он ба рӯйхати бонкҳои низомии кишвар дохил карда шудааст, ки ҳиссаи он дар бозори миёнаравии молиявӣ аз рӯи нишондиҳандаи умумӣ 20,06 фоизро ташкил медиҳад.
Раҳбари асосии ин бонк Ҳасан Асадуллозода мебошад. То имрӯз дар Тоҷикистон 32 филиал ва беш аз 200 маркази хидматрасонии "Ориёнбонк" фаъолият доранд.