Имзои ёддошти тафоҳум миёни ширкатҳои “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва “Dundariar”-и Туркия

Барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва “Dundariar”-и Туркия, Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Туркия дар самтҳои саноат ва соҳибкорӣ бо ташаббус ва мусоидати Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Болуи Туркия бо сафари шиносоӣ ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин, дарёфти шарики боэътимоди ҳамтоёни тоҷик, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки ба нақша гирифтани чунин ҳамкориҳо, гувоҳи фаъолияти густурда ва боэътимоди сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов мебошад, ки барои таъсиси корхонаҳои муштарак тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Баёнияи Русия, Туркия ва Эрон: Даргириҳои Сурия роҳҳалли низомӣ надоранд
Дар доираи сафар, сафорати Туркия дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои тиҷоратии ду кишварро роҳандозӣ намуд, ки дар он сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл иштирок дошт.
Таъкид шудааст, ки барои табодули таҷрибаи корхонаҳои истеҳсолӣ директори ширкати “Сифат саноат” Ҳокимшо Идиев яке аз омилҳои рушдро дар ин самт ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Сифат саноат”-и Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии “Dundariar”-и Туркия, Ёддошти тафоҳум имзо шуд.