ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Моҳи июн дар кишвар бо сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, боз як тағйироти кадрии фарогир, таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе хотирмон буд.
Афзун бар ин, маҳз дар ҳамин моҳ нақшаи даъват пур шуд, Думаи давлатии Русия як созишномаи муҳим дар мавриди нафаққаи муҳоҷирони тоҷикро, ки солҳо миёни ду кишвар баррасӣ мешуд, ба тасвиб расонид. Кумитаи дин аз боло рафтани арзиши сафар ба ҳаҷ хабар дода, онро ба ба хидматрасониҳои кишвари мизбон рабт дод.
Sputnik Тоҷикистон муҳимтарин хабарҳои моҳи рафтаро ба ёд меорад.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон: натиҷаҳои сафар
Аввали моҳ кишвардори Тоҷикистон бо сафари расмӣ ва даъвати Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон вориди Тошканд шуд. Нахуст сарони ду кишвар тугмаи маҷозии оғози бунёди ду нерӯгоҳи муштарак дар Тоҷикистонро пахш намуданд. Бо ҳамин сохтмони 2 нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон оғоз шуд.
Дар ҳошияи ин сафар 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла 7 созишнома дар ҳузури роҳбарони давлатҳо имзо шудаанд, ки соҳаҳои молия, фарҳанг, амният, иқтисод ва ғайраро дарбар мегиранд.
Натиҷаи дигари бадастоварда тавофуқи боз кардани роҳи оҳани мусофирбарии Душанбе-Тошканд буд.
Боз тирпарронӣ марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Рӯзи 3 июн дар марз бо Қирғизистон боз тирпарронӣ рух дод, ҳудуди ду соат давом кард. Даргирӣ дар ду минтақа – мавзеи Кехи ҷамоати Ворух ва дар минтақаи Булоқ-бошӣ, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст, сурат гирифтааст.
Мақомдорони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара рух додани як ҳодисаи тирпаррониро дар маҳаллаи Кех таъйид карданд. Онҳо ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тирпарронӣ соати 9-и субҳи 3-юми июн дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух рух дод. Дар натиҷаи ин ҳодиса як нафар аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуд. Қирғизистон дар натиҷаи ин ҳодиса аз ҷароҳат бардоштани ду марзбонаш хабар дод.
Сокинони маҳаллӣ дар ҷамоати Ворух ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тирпарронӣ дар марз дар наздикии рустои Офтобруӣ оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, иллати даргириҳо, баръакс, убури марзбонони қирғиз ба қаламрави Тоҷикистон будааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таниши навбатиро иғвои ҷониби қирғиз хонд ва маҳкум кард ва ба риояи қатъии тавофуқҳои бадастомада даъват намуд.
Пас аз чанд рӯз, 14 июн боз вазъ дар марз боз печид. Як масъули ҷамоати Ворух дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарҳадбонони қирғиз ба сайругашти саҳарӣ баромада ба рӯи маҳаллаи Кех тир холӣ кардаанд. Ин таниш ҳудуди 2 соат идома кардаааст. Дар натиҷа як сарбози тоҷик ба ҳалокат расид.
Думаи давлатии Русия созишномаи деринтизор бо Тоҷикистонро тасвиб кард
Аввали моҳ хабар дода шуд, ки Думаи давлатии Русия тавофуқномаи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар заминаи таъмини нафақаро тасвиб кард.
Созишномаи байни ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа 15 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ низ парлумони Тоҷикистон созишномаи мазкурро ба тасвиб расонда буд. Бар асоси ин созишнома муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд аз фонди Русия нафақа гиранд. Барои ин онҳо бояд расман бо кор таъмин бошанд ва ба фонди нафақаи кишваре, ки кор мекунанд,пул гузоранд.
Мувофиқи ин созишнома, шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар Тоҷикистон низ кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ доранд, аз ҷониби ҷумҳурӣ ба онҳо нафақа пардохт мешавад.
Илова бар ин,агар муҳоҷирони тоҷик қаблан дар Русия кор мекарданд, вале дар Ватан ба нафақа баромадаанд, собиқаи кори онҳо дар давлати Русия ба назар гирифта мешавад.
Тағйироти кадрӣ: омаданду рафтанд
10 июн раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як тағйироти кадрии фарогир анҷом дод. Нахуст хабар дода шуд, ки Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, баъди 7 соли кор дар ин мақом аз вазифааш барканор шуд.
Дар соҳаи маориф низ таъйиноти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарорҳои ҳукумат ду ректори донишгоҳҳои бонуфузи кишвар аз вазифаҳояшон маҳрум шуданд. Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод шуд. Ба ин вазифа Аҳлиддин Ибодуллозода таъйин гардид.
Ҳамчунин Абдусалом Мирализода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озод шуду Дилшод Раҳмон ба ин курсӣ такя зад. Зимнан бо қарори ҳукумат Исматулло Шодиён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ озод шуда, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди президент таъйин гардид. Муовини дигари мудири Маркази миллии тестӣ Олимҷонзода Уктам Олимҷон таъйин шуд.
Мақомдори собиқи ширкати миллии ҳавонавардии "Сомон эйр" ба вазифаи раиси ниҳоди танзимкунандаи бахши авиатсияи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъйин гардид. Сафарзода Дилшод Файзалӣ директори Агентии авиатсияи гражданӣ таъйин гардид.
Ӯ дар ин мақом Икром Субҳонзодаро иваз намуд, ки аз соли 2018 ба ин сӯ роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ буд.
Сафари Владимипр Путин ба Тоҷикистон
28 июн раисҷумҳури Русия Владимир Путин вориди Душанбе шуд. Ин нахустин сафари президент ба нишасти бисёрҷонибаи рӯбарӯ дар соли ҷорӣ ва дуввумин сафари хориҷии кишвардор буд.
Ҷонибҳо дар мавриди шарикии стратегии ду кишвар, амният, вазъи Афғонистон, муҳоҷирони кирии тоҷик ва мавзӯъҳои дигари ҳассосро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла президенти Русия назари ҳамтои тоҷикашро дар мавриди вазъи Афғонистон пурсида, гуфт, ки Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Кобул дар тамос аст. Ӯ ҳамчунин саҳми арзандаи муҳоҷирони тоҷикро дар иқтисоди Русия қайд кард.
Масоили амниятӣ ҳам дар доираи СПАД ва ҳам дар чаҳорчӯбаи равобити ду кишвар баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сафари президенти Русия дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Шоми дӯстӣ баргузор кард.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ бо Владимир Путинро барои идомаи бобарори шарикии стратегии Душанбе ва Маскав бар нафъи мардумони ду давлат хонд.