Путин ба Дума лоиҳаи тасвиби созишномаи нафақа дар Иттиҳоди АвруОсиёро муаррифӣ кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишнома ба таъмини ҳуқуқҳои баробар дар соҳаи таъмини нафақа, ҳимояи ҳуқуқҳои нафақаи бадастовардаи онҳо дар ҳудуди кишвари узви иттиҳод равона карда шудааст

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишномаи таъмини нафақаи меҳнаткашони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро муаррифӣ кард. Дар ин бора палатаи поёнии парлумони кишвар иттилоъ медиҳад.

"Созишнома дар бораи таъмини нафақаи меҳнаткашони кишварҳои узви Иттҳоди иқтисодии АвруОсиё 20 декабри соли 2019 дар Санкт-Петербург ба имзо расида буд, ба тасвиб расонида шавад", - гуфта мешавад, дар санаде, ки парлумон нашр кардааст.

Президент РФ Владимир Путин подписывает документ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин ҷонибдорӣ кард: Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИУО нафақа медиҳад

Муаллифони он тавзеҳ медиҳанд, ки созишнома ба таъмини ҳуқуқҳои баробар дар соҳаи таъмини нафақа, ҳимояи ҳуқуқҳои нафақаи бадастовардаи онҳо дар ҳудуди кишвари узви иттиҳод, ҳамчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини тафақа байни кишварҳои узви ЕАЭС, равона карда шудааст.

Созишнома муқаррароти аслии қисми амаликунии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва узви хонаводаҳои онҳо ба нафақа, муҳосибаи андозаи он, тартиби содирот ва дигар масъалаҳоро муайян мекунад.

Ҳамин тавр, масалан, мувофиқи созишнома, корманд ва ё узви хонаводаи он  ба гирифтани нафақа дар ҳудуди кишваре ки зиндагӣ мекунад ё кишвари узви иттиҳод, ки нафақаро муайян кардааст ҳуқуқ дорад, ба корманд ва ё узви хонаводаи вай наметавонанд дар муайян кардан ва додани нафақа дар асоси ҷои истиқомат дар ҳудуди кишвари дигари узви иттиҳод  рад кунанд, магар ин ки бо ин созишнома муқаррар шуда бошад.

Дар ҳамин ҳол, ҳар кадом кишвари узви иттиҳод мизони нафақаро дар асоси ҳуқуқи нафақае, ки дар мувофиқа бо қонунгузории худ ба даст овардааст ва мувофиқи қонунгузории ин кишвари узв бо дарназардошти муқаррароти созишномаи мазкур, пардохт мекунад.

Қабули тарҳи мазкур ниёз ба тахсиси буҷаи изофӣ аз буҷаи федеролӣ надорад.

Таъкид мешавад, ки Кабинаи вазирон ин тарҳи қонунро ҷонибдорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0