ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Як манбаъ аз Хайрхонаи шаҳри Кобул гуфтааст, ки толибон зиреаи як порча варақи кучак ба мардуми аҳолии ин минтақа иблоғия карданд, ки бояд бидеҳиҳои оби ошомиданӣ ва ҷароими ворида бар онро то ду ҳафтаи дигар пардохт кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаи “Ҳашти субҳ”.
“Касоне, ки дар ин маврид таъхир кунанд, ба додгоҳ муаррифӣ хоҳанд шуд”, — огоҳ кардаанд мақомоти толибон.
Ин манбаъ афзуд, толибон ҳамчунин мизони оби ошомиданӣ барои афроди бидуни ҳисобкунакро аз 250 афғонӣ то ба 800 - 1000 афғонӣ дар як моҳ афзоиш додаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар ин авохир шикоятҳо дар мавриди истифодаҷӯии гурӯҳи толибон аз имконоти давлатӣ дар миёни мардум боло гирифтааст.
Бояд гуфт, оби зеризаминии мавзеи Хайрхонаи шаҳри Кобул қобили истифода нест ва оби ошомидании ин минтақа аз ҷойҳои дигари пойтахт тавассути системаи обрасонӣ таъмин мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо расидани толибон ба сари қудрат вазъи занон дар Афғонистон рӯ ба беҳбудӣ наовардааст. Ҳоло занон иҷозаи кору таҳсилро надоранд. Ин вазъ боиси нигаронии созмонҳои байналмилалӣ шудааст.