ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Муҳсин Муҳамадиев, бозигари номдори собиқи дастаи футболи "Помир"-и Душанбе ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи "Истиқлол" шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи "Истиқлол" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, таъйини Муҳаммадиев ба ин мақом бо тасмими раҳбарияти бошгоҳи футбол Шоҳрух Саидзода гирифта шудааст.
Муҳамадиев аз соли 2013 то 2015 сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд. Баъдан ӯ бошгоҳи "Ордабас"-и Қазоқистонро сарварӣ мекард ва аз 31 октябри соли 2016 то 22 майи соли 2018 роҳбарии "Истиқлол"-ро бар уҳда дошт.
Ӯ бо тими "Истиқлол" чандин бор дар мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар, Суперҷом, ду бор дар Ҷоми ФФТ пирӯз ва бо "Истиқлол" ба даври финалии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфта буд.
Номбурда 10 июни соли 2019 сармураббии "Бухоро"-и Ӯзбекистон таъйин шуд ва 30 июни соли 2020 бо ин тим қарордодашро лағв кард.
Номбурда мураббии кордону номовар буда, дорои иҷозатномаи мураббии аврупоии "Pro" UEFA мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Муҳаммадиев 56 сол дошта, устоди варзиши СССР ва дар гузашта дар футбол ба ҳайси ҳамлавар ва нимҳимоятгар бозӣ мекард.
Фаъолияти мураббигияшро аз тими "Витяз"-и Подолски вилояти Маскав (2003-2008) оғоз карда, баъдан ба "Рубин"-и Қазон (2008-2012) гузашт.
Вай ба ҳайси сармураббӣ ба футболи тоҷик соли 2013 ворид шуд.