Дипломати баландпояи ИМА дар Душанбе аз чӣ гуфт

Дар шаҳри Душанбе даври 9-уми машваратҳои солонаи сиёсии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарии дипломатҳои баландпояи ду кишвар баргузор шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Машварати солонаи сиёсии Душанбе ва Вашингтон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА - ро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла суҳбатҳо шомили бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн будаанд.

"Ҳамчунин доир ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт", - омадааст дар итттилоия.

Маврид ба зикр аст, ки Лу дар садри як ҳайати амрикоӣ аз 23 то 27 май дар Осиёи Марказӣ қарор дорад. Ӯ дар баробари Тоҷикистон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон боздид мекунад.
Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, мақсади сафар тақвият бахшидани равобит бо минтақа ва талошҳои муштарак барои ҳамбастагию амният дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Қарор аст, дар Тоҷикистон ҳайати Амрико бо шахсони расмии баландпоя ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ карда, ироаи кумакҳои башардӯстона ва дигар пуштибонӣ ба гурезаҳои афғонро баррасӣ намояд.
Шойгу: Ғарб мехоҳад муносиботи давлатҳои СААД-ро халалдор кунад
Ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак дар заминаи амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар ҷомеа аз мавзуъҳои дигари сафари дипломати амрикоӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Ҳайати амрикоӣ аз мудири аршади Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Тсиммерман, муовини ёвари мудири Бюрои осиёии Агентии рушди байналмилалӣ Анҷали Каур ва муовини роҳбари дастгоҳи Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Наз Алхатиб иборат мебошад.