"Ҳама пардохт хоҳем кард": дар ИМА гуфтанд, ки таҳримҳо алайҳи Русия чӣ пайомад дорад

Норасоии нуриҳо аз сабаби таҳримҳои зидди Русия ба деҳқонони амрикоӣ бо зарар таҳдид мекунад, ки он болоравии нархи маводи ғизоиро дар пай хоҳад дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҳдуд кардани дастрасӣ ба нуриҳои минералии Русия ва даст кашидани Ҳукумати ИМА аз истеҳсоли бештари нафт барои деҳқонони америкоӣ мушкилоти ҷиддиеро ба амал оварда метавонад, ки барои он "ҳама пардохт хоҳем кард" менависад нашрияи "The American Conservative".
Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки норасоии ғалла дар ҷаҳон бо тамоми миқёсаш ба норасоии нуриҳои минералӣ бастагӣ хоҳад дошт, ки дар навбати худ на танҳо ба ҳосил, балки нархи ҷаҳонии ғизо низ ба он марбут мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳо алайҳи Русия, ки аз бузургтарин содиркунандаи нуриҳои нитрогенӣ дар ҷаҳон аст, кишварҳои ҷаҳон маҷбур шуданд, ки ба манобеи алтернативӣ муроҷиат кунанд.
Русия силоҳҳои ваҳшатноктаре аз мушак дар қиболи Ғарб дорад
Президенти ИМА Ҷо Байден баназдикӣ нақшаи ҷудо кардани 250 миллион доллар барои ҳавасмандгардонии бозори дохилии нуриҳои минералиро эълон кард, аммо ба гуфтаи муаллифи матлаб, бо назардошти нозукиҳои истеҳсоли нуриҳои синтетикӣ, ин маблағҳо ба гумон аст, ки фоидаи фаврӣ диҳанд.
Моҳи март Вашингтон маҳдудиятҳо дар нисбати нуриҳои Русияро лағв кард, аммо то он вақт, тавре ки нашрия қайд мекунад, зарар ба фермерҳои амрикоӣ аллакай расида буд.

"Индекси охирини нархи нуриҳои ИМА, нархи миёнаи вазншудаи сангҳои фосфати табиӣ, фосфор, калий ва нитроген 254,97 долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2021 ду баробар зиёдтар аст", - менависад "The American Conservative".

Тибқи иттилои иқтисодчии аршади Федератсияи фермерҳои амрикоӣ Вероника Най, "нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ қисми зиёди хароҷоти дохили хоҷагиро ташкил медиҳанд, ки он тақрибан 18% аст".
Дар баробари ин имкониятҳои воридотии ИМА ба поён мерасад ва намояндагони бахши саноати маҳаллӣ ба он шубҳа доранд, ки истеҳсоли ватанӣ зуд кор кардаву камбудро бартараф мекунад.
"Аз сабаби нархи баланди газ ва якравии ҳукумати Байден барои кашфи конҳои нав хароҷоти истеҳсолкунандагони нуриҳои ватанӣ аллакай гарон аст. Афзоиши талабот ба захираҳои гидроген қимати онро боз ҳам бештар мекунад", - гуфта мешавад дар матлаб.
Ҳатто агар сатҳи воридоти нуриҳо аз Русия ба сатҳи пеш аз таҳрим баргардад, ҳеҷ кас кафолат намедиҳад, ки корҳо барои фермерҳои амрикоӣ осон пеш мераванд, менависад муаллиф.
Бербок: Буҳрони Украина ҷаҳонро ба “гуруснагии маргбор” рӯ ба рӯ хоҳад кард
Дар баробари ин шарти Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳо ба истеҳсоли ватанӣ ва манобеи алтернативии воридот ба ҷои ашёи хом аз Русия низ боиси афзоиши минбаъдаи хароҷоти истеҳсоли кишоварзони ИМА мешавад.
Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, агар сиёсати маҳдуд кардани нуриҳои Русия дар ҷаҳон идома ёбад ва ҳукумати Байден аз зиёд кардани истихроҷи нафт даст кашад, имкон дорад, ки вазъ барои деҳқонони амрикоӣ пеш аз он ки онҳо дубора барқарор шавад, бадтар гардад.