Ҳушдори толибон ба кормандони давлатӣ: Ришу салла монед вагарна муҷозот мешавед

Толибон дар вилояти Ғазнӣ ба кормандони давлатӣ дастур додаанд, ки тибқи фармони роҳбарашон ҳама кормандон бояд бо ришу салла ба ҷои корашон ҳозир шааванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Манобеъ дар вилояти Ғазнӣ хабар додааст, ки Толибон ба бархе аз кормандони муассисаҳои ғайринизомии ин вилоят ҳуҳдор доданд, ки нагузоштани ришу салла барои онҳо оқибатҳои ҷиддиро дар пай хоҳад дошт, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи онҳо, Толибон ахиран дар рӯзи корӣ эълом кардаанд, ки бар асоси дастури раҳбарашон, ҳама кормандон бояд бо ришу салла ба ҷойи кор ҳозир шаванд.
Толибон гуфтаанд, ки агар ин кор сурат нагирад кормандоне, ки то рӯзҳои баъди ришу салла нагузоранд дигар ба онҳо ҳаққи фаъолият дар ин вилоятро нахоҳанд дод.
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон
Як манбаъ аз шаҳрдории Ғазнӣ гуфтааст, ки онҳо дар моҳи Рамазон чанд маротиба аз ҷониби Толибон дастур гирифтаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, кормандони низоми идораи амр ба маъруф ва ниҳӣ аз мункари Ғазнӣ субҳи 14 май, ба кормандоне, ки саллаву риш надоштанд, нагузоштанд, вориди дафтарашон шаванд.
Толибон аллакай дар баъзе вилоятҳои дигар ин корро анҷом додааанд.
Ёдрас мешавем, ки баъд аз ба сари қудрат омадани толибҳо ва фармони роҳбари ин гурӯҳи тундрав дар Афғонистон масъалаи гузоштани риш ва бастани лунги (салла) барои кормандони давлатӣ ва мардон иҷборӣ шуд.