ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дэвид Петреус, генерали амрикоӣ ва раиси собиқи СИМА (ЦРУ) дар мусоҳибае гуфтааст, далели афзоиши хушунат озодии ҳазорон нафар аз зиндонҳои Афғонистон тавассути толибон аст.
Ба бовари вай, бо озодии аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ин гурӯҳҳо дубора муқтадир шудаанд ва ба ҳамалоташон мепардозанд.
"Ба ёд дошта бошед, мо қаблан ҳарос доштем, ки бо рӯйи кор омадани толибон онҳо тавоноии барқарории амният дар тамоми қаламрави Афғонистонро нахоҳанд дошт. Хушунатҳои ахир ва мунсаҷим шудани гурӯҳҳои мухталиф барои толибон мушкилоти амниятӣ эҷод кардааст" ,- гуфт ӯ.
Мудири пешини СИМА таҷҳизоти амрикоиро, ки дар Афғонистон боқӣ мондааст, нигаронкунанда номид, аммо гуфтааст, ки ин таслиҳот ба андозае, ки гузориш шуда, ҷиддӣ нест.
Гуфта мешавад, ба арзиши ҳафт миллиард доллар таҷҳизоти низомиеро, ки Амрико ба давлати Афғонистон супурда буд, ба дасти толибон расид.
Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки ин таҷҳизот шомили ҳавопаймоҳо, муҳимоти ҳаво ба замин, васоили нақлияи низомӣ, силоҳу таҷҳизоти иртиботӣ аст.