Захарова: Ғарб манфиатҳои Русияро нодида мегирад

Ихтилофҳо бо Ғарб бинобар беэътиноӣ ба манфиатҳои Русия ба вуҷуд омадаанд. Чунин андешаро сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия изҳор дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ихтилофоти феълии Русия бо Амрико ва Аврупо дар натиҷаи нодида гирифтани манофеи амниятии Русия ба вуҷуд омадааст, гуфт Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия.
"Ихтилофоти феълии Русияву Амрико ва Аврупо дар натиҷаи он ба вуҷуд омадааст, ки муддати тӯлонӣ, манфиатҳои амниятии кишвари мо нодида гирифта мешуд. Ғарбиҳо қадам ба қадам механизмҳои назорати силоҳро, ки аз ҷониби чандин насли музокирон ба вуҷуд омадааст, хароб карданд. Ин як мисоли рӯшани он аст, ки чаро шиддати байналмилалӣ ба сатҳи ғайриқобили қабул расидааст", - гуфт Захарова дар мусоҳиба бо RT.
Захарова афзуд, ки баргаштан ба гуфтушунид дар доираи амнияти тақсимнашавандаи Аврупо ва тартиб додани қоидаҳои ҳамзистии осоишта дар асоси принсипи эҳтироми манфиатҳои ҳамаи давлатҳои асосӣ ба манфиати ҳама аст.
Захарова: Русия кайҳост, ки ба музокиркунандагони украинӣ бовар надорад
Ба гуфтаи вай, низоми муносибатҳои байналмилалӣ давраи дигаргунии амиқро аз сар мегузаронад.
"Ҷаҳони якқутбӣ хеле пеш аз рӯйдодҳои Украина тамом шуд. Марказҳои нави қудрат дар Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва Ховари Миёна дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши рӯзафзун доранд ва омодаанд, аз манфиатҳои худ дифоъ кунанд ва талаб мекунанд, ки ба роҳи рушди худ эҳтиром гузоранд", - шарҳ дод намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия.
Захарова умедворӣ кард, ки эҳсосоти Байден ҷаҳонро дучори фалокат накунад
Ба эътиқоди Захарова, ин ҳамбастагӣ ба Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ мувофиқ нест.
"Онҳо омода нестанд, ки аз мавқеи имтиёзноки худ дар арсаи ҷаҳонӣ даст кашанд ва кӯшиш мекунанд, ки раванди демократикунонии муносибатҳои байналмилалиро боздоранд ё суст кунанд", - шарҳ дод вай.