Тамдиди иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз сӯйи Бонки миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи Бонки байналмилалии Тоҷикистонро ба муҳлати панҷ сол тамдид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” ба муҳлати 5 (панҷ) сол тамдид карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.
Бонки миллӣ гуфтааст, ки қарори мазкур санаи 22 феврали соли равон ба имзо расидааст.
Иҷозатномаи мазкур, мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” тамдид шудааст.
Суқути бесобиқаи рубл дар Тоҷикистон
“Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСП Бонки байналмилалии Тоҷикистон барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад”, - иттилоъ додааст БМТ.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, раёсати Бонки миллӣ идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст аст, ки дар феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.