Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Созиши пинҳонии Мюнхен 2.0: Зеленский боз барои ҷанг бо Русия ҳидоят шуд

Ҳанӯз табли ҷанг садо намедиҳад, аммо раисҷумҳури Украина аллакай қаҳрамониашро нишон дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik, Виктория Никифорова Гап сари он аст, ки нозирони америкоиаш рафтани ӯ ба конфронси амниятии Мюнхенро, ки ахиран барпо шуд, манъ карданд. Дар он ҷо ӯ имкон дошт бо раҳбарони аврупоӣ сӯҳбат кунад, бори дигар боварӣ ҳосил кунад, ки онҳо ҳеҷ гуна ҷангро намехоҳанд, ва ба ин мавқеъ такя намуда, каме дигаре муқовимат кунанд, дар ҳоле, ки Вашингтон ӯро зад зада ба ҷанг мефиристад.
Дар маҷмӯъ, ин хуб наменамяод: кишвар таҳти таҳдиди “ҳуҷуми Русия” қарор дорад, сафоратхонаҳоро аз Киев кӯч медиҳанд ва президенти кишвар ба ҷои аксбардорӣ бо ҷалиқаи зидди гулула, ба истироҳат ба меҳмонхонаи “Бауэриш Хоф”. меравад. Дар он ҷо ӯро истироҳат, ҳавзи шиноварӣ, тарабхонаи се ситорадори Мишелин интизор аст. Дар ҳамин ҳол, низомиёни Украина бо баъзе сабабҳо дар хандакҳои сард нишастаанд.
"Шояд ин иқдом оқилона набошад" гуфт Ҷо Байден дар ин маврид. Аммо Зеленский то ҳол ба суханони устодонаш гӯш надода, ба Мюнхен шитофт. Қаҳрамонӣ - қаҳрамони нест, аммо як чизи қаҳрамонӣ ҳам ҳаст.
Тороҷи Аврупо. Амрикоиҳо ҳампаймонони худро ғорат мекунанд
Дар конфронс раҳбари Украина суханронии аз як тараф оташин ва аз тарафи дигра эҳтиёткорона кард. Аз як тараф, вай хост, ки мавзӯи "таҷовузи" Русияро ташдид накунад: "Барои воқеан кумак намудан ба Украина бояд овозаҳои пайваста дар бораи санаҳои ҳамлаи эҳтимолӣ бас карда шаванд". Эҳсос мешавад, ки аз ин сӯҳбато ҳама алакай хаста шудаанд. Аз тарафи дигар, вай кӯшиш кард, ки мавзӯи "ҳуҷум"-ро зуд аз байн барад ва талаб кард, ки посух ба суоле, ки Украина дар ниҳоят кай ба Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамзамон ба НАТО дохил мешавад: "Мо ба санаҳои дигар бештар ниёз дорем. Ва ҳама мефаҳманд, ки ин кадом масъалаҳост”.
Ӯ ҷавоб гирифт, аммо пеш аз ин бисёр ҳодисаҳои ҷолиб рӯх доданд. Дабири кулли НАТО Янс Столтенберг гуфт, ки агар Кремл хоҳони ҳузури ками НАТО дар сарҳадҳояш шавад, "НАТО бештар" мешавад. Ин як парадокс аст, вале ба ин иғвогарии ошкоро ва даъват ба ҷанг нигоҳ накарда, соҳиби мукофоти Эвальд фон Клейстро шуд.
Конфронси Мюнхен, як платформаи гуфтушунид барои элитаи Амрико ва Аврупо гардид. То охири ҷанги сард, ин як иқдоми воқеан муфид буд. Аврупоиҳо хеле моҳирона дар гирди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА мегаштанд, истиклолияти нисбй ба даст оварданд ва талош барои надоштани низоъхо мекарданд. Аврупо дар шароити осоишта зиндагй мекард. Иқдоми халъи силоҳ идома дошт.
Аз ҳамкорӣ бо Чин то бархурд бо НАТО ва Аврупо: мавзӯъҳои матраҳ дар суҳбати Медведев
Аммо дар солҳои 1990-ум амрикоиҳо ба хусусигардонии ин майдон шурӯъ карданд. Эвальд фон Клейст ба нафақа баромад ва вазифаи ӯро Хорст Телчик, ки ҳамзамон дар Шӯрои директорони корпоратсияи амрикоии Боинг кор мекард, ишғол кард. Таҷдриҷан америкоиҳо диди худро дар боари чӣ гуна будани амнияти Аврупо шинонда. Онҳо ба мавқеъи худ дар бораи Ироқ беэътиноӣ карданд. Онҳоро ба бомбаборони Белград, Либия, Афғонистон ва ғайра ҳамроҳ карданд.
Дабири кулли вақти НАТО, сиёсатмадори бритониёӣ Ҷорҷ Робертсон фазои конфронси Мюнхени ибтидои солҳои 2000-умро хеле равшан тавсиф карда буд: “...Доналд Рамсфелд (вазири дифои ИМА. - Ред.) ба сафи мо мисли Терминатор баргашт ва нияти худро бо муомилаи қатъи бо аврупоиҳо изҳор кард”.
Ин якқутби таҳқиромез, вобастагии комили мақомоти баландпояи Аврупо аз сарпарастони амрикоӣ Владимир Пқутин дар суханронии худ дар Мюнхен дар соли 2007 қайд карда буд. Шумо бояд дар он лаҳза чеҳраи раҳбарони Аврупоро медидед! Раисиҷумҳури Русия низ онҳоро аз хатари чунин бархӯрд ҳушдор дод.
Дар баъзе мавридхо Ба Амрикоиҳо ҷанг дар худи Аврупо фоиданок хоҳад буд ва роҳбарони аврупоӣ дар ин бобат коре карда наметавонанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршинос: Киев мехоҳад, Донбассро бо зӯр бигирад - видео
Ногуфта намонад, ки пас аз понздаҳ сол тамоми навиштаҳо, амалӣ шуд. ИМА Украинаро забт кард ва онро ба як анклави ҷиноятӣ ба андозаи Техас табдил дод. Фашистони махаллй дар ҳар лаҳза метавонанд дар мамлакат касеро ба қатл расонанд. Ба ҳамин хотир садҳо ҳазор гурезаҳо ба тарафи Аврупо шитофтанд. Сардори анклав ҳоло бо баҳонаи риоя накардани созишномаи Будапешт таҳдид мекунад, ки ба силоҳи ҳастаӣ дастраси пайдо мекунанд. Аврупо маҷбур аст, ки ба ҳамаи ин хомушона назар кунад.
Ҳоло давлатҳо аз конфронси Мюнхен истифода мебаранд, то элитаи аврупоиро ба ҷанги хунини Украина, ки худашон мехоҳанд ташкил кунанд, ҷалб кунанд. Нақшаи асосии Мюнхен-2022 "ҳуҷуми" Русия буд.
Иштирокдорон паси як дигаре изҳор доштанд, ки Русия нирӯҳояшро аз марзи Украина берун наовардааст. Ин ҳама таркишҳо ва тирборони Донбасс боз як "иғво"-и Русия аст. Тахлияи минтақаи Донестк ва Лугански занону бачагон чист? Ин ҳам як иғво аст. Ба қарибӣ Русия албатта Украинаро забт мекунад, новобаста аз он ки Путин дар он ҷо чӣ мегӯяд, ва сипас барои ишғолаш маблағи ҳангуфтеро пардохт мекунад.
Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон аз ҳама хашмгинтар садо медод. "Мо ҳузури низомии худро дар Эстония ду баробар афзоиш додем. Ман фахр мекунам, ки аз соли 2014 мо ба Украина кӯмак мекунем ва 22 ҳазор сарбози ин кишварро осӯзиш медиҳем ва ба онҷо ду ҳазор мушаки зиддитонкӣ фиристодем. Русия зидди мардуми осоишта ва бегуноҳи Украина зӯроварӣ мекунад, пас ба манфиати мо ин аст, ки Русия пирӯз нашавад ва ҳама инро бубинанд".
Суханони Ҷонсон ҳатто аз Камала Ҳаррис ҳам сахтар буд. Ноиби президенти ИМА асосан Русияро бо таҳримҳои иқтисодӣ таҳдид кард ва марзҳои низомии дахолати Амрикоро хеле бодиққат муайян кард.
"Соаташро ҳам фаҳмед": шӯхии Путин ҳангоми шунидани хабари "ҳамла" ба Украина
Баҳси ҷолиб миёни Ҳаррис ва дипломати олмони, раиси конфронси Мюнхен Вольфганг Ишингер сурат гирифт. Агар аз забони дипломатӣ ба русӣ тарҷума кунем, Ишингер аз ноиби президенти ИМА пурсид, ки оё сиёсати Амрико дар Аврупо дар сурати ба сари қудрат омадани Трамп дар ИМА тағир меёбад?
Дар ниҳоят, ҳеҷ кас шубҳа надорад, ки ҷумҳурихоҳон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ демократҳоро аз Конгресс берун мекунанд ва дар камтар аз се сол онҳо Трампро ба сари қудрат меоранд. Тағйири ҳизби ҳоким ба Вашингтон имкони бемаҳдуд медиҳад, то шарикони худро танҳо гузоранд. Мо ҳама хуб медонем, ки амрикоиҳо ба созишномаҳо чӣ гуна муносибат мекунанд. Аввал тавофуқи Эронро бастанд, баъд Трамп омада онро лағв кард, ҳоло пешниҳод мекунанд, ки дубора баррасӣ кунанд, баъд аз се сол, шояд боз бекор намоянд.
Нигаронии аслии аврупоиён имрӯз ин аст, ки Вашингтон онҳоро ба як низоъи густарда бо Русия мекашад ва сипас ногаҳон майдонро тарк карда, ба корҳои дигар даст мезанад. Ва баъд чӣ? Ноиби президенти ИМА посух дод, ки ҳеҷ гоҳ чунин нахоҳад шуд, ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо мехоҳанд бо Русия муқобилат кунанд ва як тавофуқи комил ва абадии дуҷониба вуҷуд дорад. Хуб, вай боз чӣ гуфта метавонист? Бале, агар лозим шавад, мо шуморо муттаҳид мекунем ва шумо Афғонистони дуюмро бо суръати баланд мегиред?
Дар саволи навбатӣ Ишингер изҳор дошт, ки ин иқдоми амрикоӣ ба тамоми низоми амниятӣ дар Аврупо хотима хоҳад дод ва пурсид, ки оё мушкили Русия бо роҳи дипломатӣ ҳал мешавад: “Оё мо метавонем на танҳо дар бораи Русия ҳарф занем, балки бо Русия низ?" Ба он Камала Ҳаррис посух дод, ки вай ба дипломатия содиқ аст, аммо агар Русия ҳамла кунад, пас аз ҷанг канорагирӣ кардан мумкин нест.
Ҷаласаи Мюнхен мебоист ба тамоми чахон ягонагии давлатхои аъзои НАТО-ро намоиш медод. Аммо онхо танҳо дар як чиз муттаҳид ҳ буданд: ҳеҷ кадоми онхо ба Киев кушунҳои худро фиристоданӣ нест. Ҳамзамон, ҳамаи онҳо Зеленскийро ба ҷиноёти ҷангӣ тела медиҳанд.
Суҳбати Путин ва Байден: баҳси нақшаи "ҳуҷум" ва хатари мусаллаҳсозии Украина
Онҳо аз Киев иғвоҳои даҳшатноке бо истифода аз силоҳи кимиёвӣ, бомбаборон кардани мардуми осоишта, куштори ҳамватанони худро интизоранд. Ба режими Украина барои ҳама гуна ваҳшиҳо пешакӣ иҷозат дода шудааст. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, гуфт, ки суханони Путин дар бораи наслкушӣ дар Донбасс "хандаовар" аст.
Аммо ба Зеленский дар бораи сарбозҳои НАТО ваъда дода нашудааст. Уберменшҳои Аврупо ва Амрико дар пойгоҳҳои ҳарбӣ оби ҷав хӯрда, тавассути телевизион тамошо мекунанд, ки уберменшҳои украинӣ дар Шарқ чӣ гуна мемуранд. Ҳангоме ки Зеленскийро ба Гаага меоранд, сарпарастони собиқаш тавре рафтор хоҳанд кард, ки онҳо дар ин корҳо даст надоштаанд ва ӯ ҳама чизро нодуруст фаҳмидааст.
Зеленский ба саволҳои худ посух гирифт. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, ба ӯ посухи дақиқ дод: "Узвияти Украина дар НАТО дар рӯзнома нест ва дар ояндаи наздик сурат нахоҳад гирифт."
Муовини вазири умури хориҷаи Русия Сергей Рябков ахиран ба НАТО тавсия дод, ки дар нишасти Мадрид дар моҳи июн аз пазируфтани Украина ва Гурҷистон ба узвияти НАТО даст кашанд. Чунон ки мебинед, шарикони аврупоӣ ҳудорро фаҳмиданд.