Баррасии густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону устони Исфаҳони Эрон

Дар дидори котиби якуми сафорати Тоҷикистон бо муовини якуми Утоқи бозаргонии Исфаҳон густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзӣ баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Маъруфҷон Абдураҳмонов, котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Баҳроми Субҳонӣ, муовини якуми Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Исфаҳони Эрон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дидори мазкур дар Исфаҳон дар ҳошияи понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон сурат гирифт.
Дар ин мулоқот тарафҳо мавзуи иртиқои равобити тиҷорӣ ва бозаргониро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин тарафҳо тавсеа ва густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии байни Тоҷикистон ва устони Исфаҳонро муҳим донистаанд.
Муҳриддин: Итминон дорам, ки равобити Тоҷикистону Эрон густариш меёбад
Ёдовар мешавем, ки ширкатҳое аз устонҳои Исфаҳон, Теҳрон, Занҷон, Озарбойҷони Шарқӣ, Ардабил, Гулистон ва Албурз дар понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон, ки беш аз 12 ҳазор метри мураббаъ фазои намоишгоҳӣ ва вусъат дорад, ҳузур ёфтанд.
Понздаҳумин намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёӣ, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии Исфаҳон оғоз шудааст, бо рӯйкарди комилан тахассусӣ барпо хоҳад буд.