https://sputnik.tj/20220220/barrasi-gustarishi-hamkori-tojikiston-isfahon-eron-1046067341.html
Баррасии густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону устони Исфаҳони Эрон
Баррасии густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону устони Исфаҳони Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Дар дидори котиби якуми Сафорати Тоҷикистон бо муовини якуми утоқи бозаргонии Исфаҳон густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзӣ баррасӣ шуд
2022-02-20T14:20+0500
2022-02-20T14:20+0500
2022-02-21T16:27+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
саноат
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Маъруфҷон Абдураҳмонов, котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Баҳроми Субҳонӣ, муовини якуми Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Исфаҳони Эрон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.Манбаъ таъкид кардааст, ки дидори мазкур дар Исфаҳон дар ҳошияи понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон сурат гирифт.Дар ин мулоқот тарафҳо мавзуи иртиқои равобити тиҷорӣ ва бозаргониро баррасӣ кардаанд.Ҳамчунин тарафҳо тавсеа ва густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии байни Тоҷикистон ва устони Исфаҳонро муҳим донистаанд.Ёдовар мешавем, ки ширкатҳое аз устонҳои Исфаҳон, Теҳрон, Занҷон, Озарбойҷони Шарқӣ, Ардабил, Гулистон ва Албурз дар понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон, ки беш аз 12 ҳазор метри мураббаъ фазои намоишгоҳӣ ва вусъат дорад, ҳузур ёфтанд.Понздаҳумин намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёӣ, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии Исфаҳон оғоз шудааст, бо рӯйкарди комилан тахассусӣ барпо хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20220211/muhriddin-ravobiti-tojikiston-eron-gustarish-meyobad-1045754786.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, исфаҳон, саноат, тиҷорат, кишоварзӣ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, исфаҳон, саноат, тиҷорат, кишоварзӣ
Баррасии густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону устони Исфаҳони Эрон
14:20 20.02.2022 (Навсозишуда: 16:27 21.02.2022) Дар дидори котиби якуми сафорати Тоҷикистон бо муовини якуми Утоқи бозаргонии Исфаҳон густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Маъруфҷон Абдураҳмонов, котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Баҳроми Субҳонӣ, муовини якуми Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Исфаҳони Эрон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дидори мазкур дар Исфаҳон дар ҳошияи понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон сурат гирифт.
Дар ин мулоқот тарафҳо мавзуи иртиқои равобити тиҷорӣ ва бозаргониро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин тарафҳо тавсеа ва густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии байни Тоҷикистон ва устони Исфаҳонро муҳим донистаанд.
Ёдовар мешавем, ки ширкатҳое аз устонҳои Исфаҳон, Теҳрон, Занҷон, Озарбойҷони Шарқӣ, Ардабил, Гулистон ва Албурз дар понздаҳумин Намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёии Исфаҳон, ки беш аз 12 ҳазор метри мураббаъ фазои намоишгоҳӣ ва вусъат дорад, ҳузур ёфтанд.
Понздаҳумин намоишгоҳи тахассусии таҷҳизоти пизишкӣ, озмоишгоҳӣ, дандонпизишкӣ ва шимиёӣ, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии Исфаҳон оғоз шудааст, бо рӯйкарди комилан тахассусӣ барпо хоҳад буд.