ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар Туркманистон маъракаи пешазинтихоботии президентӣ оғоз шуда, марҳалаи аввали он пешбарии номзадҳо мебошад, хабар медиҳад РИА Новости.
Интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурии Туркманистон 12 март баргузор мешавад.
Сарвари кунунии кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки "роҳи идораи давлат бояд ба раҳбарони ҷавон дода шавад."
Ӯ ёдовар шуд, ки аллакай ба "синни паёмбарӣ" расида, дар бораи худ тасмими душвореро гирифтааст.
Коршиноси рус, раҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович пешгӯӣ кард, ки раисиҷумҳури Туркманистон ба эҳтимоли зиёд қудратро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов вогузор мекунад.
Ӯ интихоботи таъиншудаи ғайринавбатии президентиро воқеан як ҳамапурсӣ барои интиқоли қудрат хонд.
Қаблан раҳбари Туркманистон низ аз нияти "истифодаи таҷрубаи зиндагӣ ва сиёсии худ ба ҳайси раиси Халқ Маслахатӣ" хабар дода буд.
Дар мавриди ягона писари 39-солаи Сардор Бердимуҳаммадов бошад, ӯ аз моҳи феврали соли 2021 муовини нахуствазир ва узви Шӯрои амнияти ин кишвар аст.
Қобили зикр аст, ки тибқи қонунҳои кишвар, аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳҳои шаҳрвандон метавонанд номзади худро ба мақоми раҳбари давлат пешбарӣ кунанд.
Вақте ки номзад ба мақоми раисиҷумҳури кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои шаҳрвандон пешбарӣ мешавад, ӯ бояд на камтар аз 10 000 имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ кунад.
Сарвари давлат бо роҳи овоздиҳии мустақими умумихалқӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад.
Президенти Туркманистон шахсе шуда метавонад, ки зодаи кишвар, синнашон аз 40 кам набошад, забони давлатиро донад, 15 соли охир дар давлат ба таври доимӣ кору зиндагӣ дорад.