ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар вокуниш ба нооромиҳои ахир дар вилояти Форёб, густариши он ба вилоятҳои дигар ва изҳороти мақомҳои ҳукумати пешин дар ин мавзуъ ишора кардааст.
"Мо бар тамоми минтақаҳо назорати комил дорем, дар ҳич ҷо ба ноамнӣ роҳ намедиҳем, нерӯҳои мо дар ҳамаи вилоятҳо мунтазам ва қавӣ ҳастанд", - гуфт Муҷоҳид.
Вай изҳор дошт, ки агар касе бихоҳад, аз вазъ истифода намояд ва бо душманашон ҳамдаст шавад ё бар зидди низом истодагӣ кунад, муҷоҳидин бар зидди ӯ вокуниши қотеъона нишон хоҳанд дод ва дар муддати кӯтоҳ аз байн бурда мешавад.
Муҷоҳид мегӯяд, боздошт дар вилояти Форёб дар иртибот бо рабуда шудани кӯдаке бо номи Абдул Рауф, ки таҳти тафтиш қарор дорад, сурат гирифтааст ва эътирозҳоро ҷонибдорони боздоштшудагон анҷом додаанд.
Дар ҳамин ҳол бошандагони Форёб рӯзи панҷшанбеи гузашта дар вокуниш ба боздошти Махдуми Олим, раиси собиқи Кумиссиюни низомии толибон дар Форёб ва яке аз фармондеҳони саршиноси ӯзбактабори онон даст ба тазоҳурот заданд. Гуфта мешавад, дар даргириҳои миёни муътаризон ва афроди толибон ду нафар кушта низ шудаанд.