Чиҳил урдӯгоҳ ва шаш ҳазор ҷангҷӯ: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ иттифоқе меуфтад?

Дар соҳили чапи Панҷ задухӯрдҳо давом доранд. Нооромиҳои низомию сиёсии Афғонистон ва ҳазорон ҷангҷӯ таҳдиде барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама Тоҷикистон ҳастанд
Sputnik
Вазъият дар минтақа тақозо мекунад, ки ҳарчи зудтар ва ба шеваи муассир ба таҳкими камарбанди амниятии СПАД иқдом шавад.
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даргириҳои мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои мухталифи толибон идома доранд. Танҳо дар ҳафтаи аввали соли 2022 дар соҳили чапи Панҷ ҳудуди сӣ ҷангҷӯи толибон кушта ва захмӣ шуданд. Вазъият дар сарҳад рӯз то рӯз бадтар мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти кашфи Тоҷикистон, дар вилоятҳои шимолию шарқии Афғонистон беш аз 40 урдӯгоҳ ва маркази омӯзиши террористон ҷойгир буда, беш аз 6000 ҷангҷӯ дар канори он мунтазиранд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Низомӣ кофист, техника лозим: Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон чӣ кор кард?
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 10 январ дар нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви СПАД бо ишора ба ин арқом ва далелҳо аз ҳампаймонон даъват кард, ки камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро мустаҳкам кунанд.
Толибон иддаои Раҳмон дар бораи вуҷуди ҷангҷӯён дар шимолу шарқи Афғонистонро ба таври фаврӣ рад карданд, аммо нигаронии Душанбе муболиға нест. Дар марзҳои Афғонистон бо Туркманистону Покистон низ тирпарронӣ сабт шудааст. Рӯзи 10-уми январ президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев низ аз ширкати ҷангиёни афғон дар Қазоқистон, дар ошӯбҳо хабар дод.
Дар баробари ин дар Панҷшер задухӯрдҳои миёни Толибон ва ҷангҷӯёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ идома дорад. Бесабаб нест, ки Ван И, вазири умури хориҷии Чин дар як суҳбати телефонӣ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия хостори ҷилавгирӣ аз бесарусомонӣ ва ҷанг дар Осиёи Марказӣ шуд.
Барои кори муштараки кишварҳои СПАД ва СҲШ доираи васеъ вуҷуд дорад. Зимнан Барномаи байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон то ҳол қабул нашудааст.
Посухи толибон ба Раҳмон дар мавриди ҳузури террористҳо дар марз
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурҳои Русия ва Тоҷикистон дар дидори ахири худ аз вазъи марз бо Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд. Ҳамзамон раисҷумҳури Русия аз интиқоли таҷҳизоти низомии Русия ба Душанбе ёдовар шуд, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар муқобила бо таҳдидҳои беруна кумаки муассиртар хоҳанд кард.
Қаблан Ҳавзаи низомии марказии Федератсияи Русия аз фаъол шудани нерӯҳои террористӣ дар Афғонистон ва эҳтимоли физояндаи "ба танг овардани”-и ҷангиёни "Давлати исломӣ"* ба манотиқи марзии Тоҷикистон ёдовар шуда буд.

Муҳити амалиётӣ

Тазмини толибон дар бораи амнияти кишварҳои ҳамсоя бо задухӯрдҳое, ки давра ба давра дар хатти Дюранд рух медиҳанд, иртибот надорад.
Тағйири қудрат дар Кобул як баҳси куҳнаи ҳудудиро ба авҷ мерасонад. Толибон посгоҳҳо ва монеаҳои сарҳадии Покистонро дар музофотҳои шарқии Нангарҳор ва Нимрӯз хароб мекунанд.
Дар тамоми ҳукуматҳо Афғонистон сарҳади замони империяи Бритониёро эътироф намекард ва эътироф намекунад, зеро онро тақсимоти сунъии қабилаҳо ҳисоб мекунад.
Расонаҳои Афғонистон рӯзи чаҳоруми январ гузориш доданд, ки дар пайи даргирии ҷангҷӯёни Толибон дар вилояти Ҷузҷон ва марзбонони туркман Туркманистон дар марз бо аморат танкҳои худро мустақар кардааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Путин аз вазъи марз дар Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст
Ба гуфтаи нашрияи “Этилаатроз”, дар ин набард чаҳор сарбози туркман ҷон бохта, ба ҳамин теъдод сарбозоне низ захмӣ шудаанд. Аз ҷониби Афғонистон низ талафот дида мешавад. Тарафҳо баъдан ин эпизодро рад карданд, чуноне ки дар авоили моҳи декабри соли 2021 дар ҷиҳати як ҳолати мушобеҳ бо ин дар марз бо Эронро бидуни ташреҳ гузошта буданд. Бо вуҷуди ин дуд бе оташ нест.
Ҳатто агар ҳодисаи рухдода ба далели “нофаҳмӣ” ё “ғайрикасбӣ” бошад ҳам, ташаннуҷ ва даргириҳо дар манотиқи марзии миёни толибон ва низомиёни кишварҳои ҳамсоя воқеияти хатарнок аст.
Дар ҷараёни тасарруфи қудрат, танҳо аз 1 июл то 15 август толибон 4000 сарбози ҳукумати собиқи Афғонистонро куштанд. Имрӯз ин ҳаракат бисёр "дастони озод" ва аслиҳаи ғанимат (амрикоӣ) дорад, то мухолифонашро "муътақид гардонад". Ҷанги Афғонистон бар зидди ҳама идома дорад.
Рӯзи 11-уми январ даҳҳо зан аз Кобул бори дигар алайҳи маҳдудиятҳои таҳқиромези толибон алайҳи занон, ки аз моҳи августи соли 2021 давом дорад, эътироз кард. Худи ҳамон рӯз Файзулло Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобул, ки аз Толибон интиқод мекард, боздошт шуд.
Устод Файзуллоҳ Ҷалол аз ҳабси толибҳо озод шуд
10 январ бар асари таркиши хумпора дар вилояти Нангарҳор нуҳ ноболиғ кушта ва чаҳор кӯдаки дигар захмӣ шуданд. Қаблан дар вилояти Урузгон ҳангоми таркиши муҳимоти ҷангӣ ду кӯдак кушта шуд.
Тибқи маълумоти СММ, вазъи башарӣ дар Афғонистон рӯз то рӯз бадтар мешавад, 23 миллион нафар дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд, беморхонаҳо аз кӯдакони гурусна пур шудаанд, омӯзгорон маош намегиранд, миллионҳо кӯдак аз имкони таҳсил маҳруманд. Аҳолии тамоми мамлакат камхӯрокӣ рӯ ба рӯст ва аз хунукии зимистон азоб мекашад.
Барои кӯмак ба афғонистониҳо СММ ният дорад, ки то соли 2022 маблағгузории байналмилалии тақрибан панҷмиллиарддоллариеро ба ин кишвар ҷалб кунад, вале ба ҳар ҳол ҳоло ин як лоиҳа аст. Аз 1 сентябр то ин дам нуҳ миллион нафар ёрии озуқаворӣ дарёфт кардаанд, каме бештар аз 200 ҳазор нафар кӯдак аз норасоии шадиди ғизо табобат мегиранд.
СММ: Афғонистон бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зинда намемонад
Кӯмакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба миқёси офати табиӣ мувофиқат намекунад. Сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Маргарет Ҳаррис қаблан ҳушдор дода буд, ки беш аз се миллион кӯдаки то 5-сола дар Афғонистон бинобар гуруснагӣ эҳтимол гирифтори осеби ҷиддӣ шаванд ва тақрибан як миллион нафари онҳо мумкин аст, бимирад.

Мавқеи Русия

Русия омодааст, ба мардуми Афғонистон кумак кунад. Аввалин бастаи кумакии 100-тоннаии маводи ғизоӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли 2021 ба ин кишвар интиқол дода шуда буд. Дар ҳамин ҳол Маскав уҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар назди кишварҳои Осиёи Марказии СПАД-ро фаромӯш намекунад.
Пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон як ҷузъи муҳими амният дар минтақа боқӣ мемонад. Ҳавзаи низомии марказии Федератсияи Русия бо назардошти таҳдидҳои беруна дар соли 2022 дар доираи СПАД 14 тамрини муштаракро дар қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мекунад.
Зас: СПАД ҳеҷ гоҳ Тоҷикистонро бо таҳдиди Афғонистон танҳо нахоҳад гузошт
Маскав барои ҳамгироии мутамаддини мақомоти нави Афғонистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Мусоҳибаи ахири намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кабулов бо хабаргузории Sputnik дар ҷомеаи он кишвар резонансҳои қобили мулоҳизаеро ба вуҷуд овард.
Дипломати рус аз нишасти қарибулвуқуи "сегонаи васеъ" дар Кобул хабар дода, ба ногузир будани эътирофи сиёсии ҳукумати толибон таъкид кард. Дар баробари ин матбуоти афғонистонӣ ихтилофи мавқеи Кобулов ва мавқеи расмии Кремлро мушоҳида кардааст.
Ҳарчанд ҳамсояҳо дар сайёра интихоб карда намешаванд, аммо зарур аст, ки ҳамзистии амн ва рушди осоиштаи кишварҳои ҳамсояи СПАД дар ҳар шароите бо тамоми воситаҳои башардӯстона ва низомию сиёсӣ таъмин шавад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.