ИМА ба афғонистониҳо иҷозаи вуруд намедиҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муҳоҷирони афғонистонӣ иҷозаи вуруд намедиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати Амрико вуруди афғонистониҳоро ба Иёлоти Муттаҳида, тибқи тартиби "ҳимояи башардӯстона" рад кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба "Axios".
Аз ин барнома одамоне истифода карда метавонанд, ки "бинобар таҳдиди таҷовуз ва хушунати густурда дар ҳаросанд".
Онҳо имкон доранд, ки барои дарёфти паноҳандагӣ, мақоми гуреза ё раводиди махсуси муҳоҷиратӣ барои ду сол дар Иёлоти Муттаҳида муроҷиат кунанд.
Ҳамин тариқ, ба гуфти ду масъули ҳукумат, ин барнома танҳо барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки дар "вазъи шадид" қарор доранд ва наметавонанд мунтазири гирифтани паноҳандагӣ шаванд.
ИА аз Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон пуштибонӣ мекунад
Ба навиштаи рӯзнома, маъмулан ба ниҳодҳои давлатӣ дар як сол ҳудуди 2 ҳазор дархост барои ворид шудан ба ИМА фиристода мешавад, вале ахиран беш аз 30 ҳазор дархост пешниҳод шудааст.
Сухангӯи Вазорати амнияти дохилии Амрико ба нашрия гуфтааст, ки аз тобистон ба ин сӯ беш аз 100 нафар аз афғонистониҳо дар зимни ин барнома иҷозаи вуруд гирифтаанд. Ба ин рӯйхат онҳое дохил мешаванд, ки то ҳол раводиди махсуси муҳоҷират ё дигар воситаҳои ҳуқуқиро дарёфт накарда буданд.
Дар маҷмуъ, ба навиштаи рӯзнома, ҳудуди панҷ ҳазор нафари аз Афғонистон интиқолдодашуда шаҳрвандони Амрико мебошанд. Тақрибан 75 ҳазор нафарро афғонистониҳо ташкил медиҳанд, ки бархе аз онҳо метавонанд раводиди махсус гиранд, зеро худи онҳо ё аъзои оилаи онҳо ба Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон кумак кардаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ӯзбекистон аз ИМА бораи паноҳ додани афғонҳо дар қаламрави худ, дархост гирифтааст
Инчунин ба ин феҳраст аъзои оилаи шаҳрвандони ИМА, дорандагони корти сабз, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон ворид карда шуданд.
Тақрибан 35 ҳазор афғонистонии интиқолдодашуда дар пойгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳида, тақрибан 36 ҳазор нафар дар хоки ИМА қарор дорад, 3,2 ҳазор афғонистонии дигар мунтазири вуруд ба ин кишвар аст, менависад нашрия.
Толибон авоили моҳи август ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эъломи хатми ҷанг намуданд.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Байден: часпидан ба ҳавопаймоҳо дар Кобул, метавонад дар Тоҷикистон такрор шавад
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири умури хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.