https://sputnik.tj/20210717/uzbekiston-ima-panoh-afghonho-darhost-1040956566.html
Ӯзбекистон аз ИМА бораи паноҳ додани афғонҳо дар қаламрави худ, дархост гирифтааст
Ӯзбекистон аз ИМА бораи паноҳ додани афғонҳо дар қаламрави худ, дархост гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар воқеъ, Ӯзбекистон аз Вашингтон дар бораи паноҳ додани афғонҳо дар қаламрави худ дархост гирифтааст
2021-07-17T09:35+0500
2021-07-17T09:35+0500
2021-07-17T09:35+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
паноҳандагӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101722/86/1017228664_0:170:3039:1879_1920x0_80_0_0_2dc689c92b4832e422120874511fb984.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон барои дастгирии афғонҳое, ки ба ИМА кумак мерасонанд, муроҷиатнома қабул кардаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба як манбаи огоҳ. Қаблан Bloomberg хабар дода буд, ки маъмурияти президент Ҷо Байден дар пасманзари хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон хостааст, тақрибан нӯҳ ҳазор афғонеро, ки ба ИМА кумак мерасонанд, муваққатан дар заминҳои худ, ҷойгир кунанд. Вай тавзеҳ дод, ки аз нуқтаи назари башардӯстӣ, ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти одамон зарур аст. "Аз тарафи дигар, мо шоҳиди изҳороти "Толибон"* ҳастем, ки онҳо ҳамаи афғонҳоро, ки дар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО кор мекарданд, мебахшанд", - гуфт манбаъ. Рӯзи ҷумъа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ташаббуси амрикоиҳоро дар бораи ҷойгир кардани афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ шарҳ дод.Ба гуфтаи вазири Русия, роҳбарони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳама хатарҳои дар ин нақшаҳо мавҷудбударо хуб медонанд ва дар асоси манфиатҳои худ тасмими дуруст мегиранд.Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.Ҷанг барои осмон: оё миёни Туркия ва "Толибон"* дар Афғонистон ҷанг мешавад?Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ манъ аст.
https://sputnik.tj/20210715/taqibi-oshiq-tolibon-andoz-1040900909.html
https://sputnik.tj/20210716/nigaronii-sergey-lavrov-afghoniston-1040933625.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101722/86/1017228664_153:0:2884:2048_1920x0_80_0_0_704d3c187cbd5fbf79975fe7035d19c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ӯзбекистон, амният
афғонистон, ӯзбекистон, амният
Ӯзбекистон аз ИМА бораи паноҳ додани афғонҳо дар қаламрави худ, дархост гирифтааст
Вашингтон мехоҳад афғонҳоеро, ки ба онҳо кумак мекарданд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барҷой кунад?
ДУШАНБЕ, 17 июл - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон барои дастгирии афғонҳое, ки ба ИМА кумак мерасонанд, муроҷиатнома қабул кардаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба як манбаи огоҳ.
Қаблан Bloomberg хабар дода буд, ки маъмурияти президент Ҷо Байден дар пасманзари хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон хостааст, тақрибан нӯҳ ҳазор афғонеро, ки ба ИМА кумак мерасонанд, муваққатан дар заминҳои худ, ҷойгир кунанд.
"Бале, мо чунин муроҷиатнома гирифтем. Аммо ин як масъалаи хеле душвор аст", - гуфт мусоҳиби оҷонсӣ дар ҳошияи конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Пайвасти минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо", ки рӯзҳои 15-16 июл дар Тошканд баргузор шуд.
Вай тавзеҳ дод, ки аз нуқтаи назари башардӯстӣ, ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти одамон зарур аст.
"Аз тарафи дигар, мо шоҳиди изҳороти "Толибон"* ҳастем, ки онҳо ҳамаи афғонҳоро, ки дар Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО кор мекарданд, мебахшанд", - гуфт манбаъ.
"Онҳо (Толибон - таҳрир) даъват мекунанд, ки ватани худро тарк накунанд, балки барои зодгоҳашон хидмат намоянд. Аз ин рӯ, ҳалли ин масъала барои мо ҳассос аст, ҷои фикру мулоҳиза аст", - гуфт манбаъ.
Рӯзи ҷумъа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ташаббуси амрикоиҳоро дар бораи ҷойгир кардани афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ шарҳ дод.
Ба гуфтаи вазири Русия, роҳбарони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳама хатарҳои дар ин нақшаҳо мавҷудбударо хуб медонанд ва дар асоси манфиатҳои худ тасмими дуруст мегиранд.
Моҳи июн дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* задухӯрдҳо оғоз ёфт. Ҷангиён дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ, бо нерӯи нав бархостанд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тои он таҳти назорати "Толибон"* қарор гирифтааст.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар фаъолияташ манъ аст.