ИА аз Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон пуштибонӣ мекунад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПленарная сессия Европарламента
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо аз мавзеи Ҷабҳаи муқовимат дар қиболи ҳукумати кунунии Афғонистон пуштибонӣ мекунад, хабар медиҳад "Afghanistan International".
Гуфта мешавад, Ҷозеп Боррел, комиссари сиёсати хориҷӣ ва амнияти Аврупо дар нишасти хабарӣ бо вазири хориҷаи Покистон таъйид кардааст, ки сохтори федералӣ барои Афғонистон муҳим аст.
Аммо ба гуфтаи ин сиёсатмадор, ин як кори дохилии кишвар аст ва ҳоло масъалаҳои муҳимтаре дар рӯзномаи ҷаласа қарор доранд.
Бояд гуфт, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон танҳо созмоне дар дохили Афғонистон аст, ки зидди толибон сар боло карда ва талаби ҳукумати фарогирро дорад.
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
"Шикасти толибон дар арсаи байналмилалӣ” – изҳороти Зоҳир Ағбар
Ин мавзеъгирии Ҷабҳаи муқовиматро аксари кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дасгирӣ мекунанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суҳбатҳояш атрофи вазъи сиёсии Афғонистон таъкид кардааст, ки беш аз 40 фисади аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд ва аз ин рӯ Ҳукумати Афғонистони кунунӣ, ки 15 август ба дасти толибон гузашт, бояд фарогир бошад.
Толибон низ зимни эълони ҳайати муваққатии ҳукумат ваъда доданд, ки ин талабро иҷро мекунанд, вале бо гузашти беш аз се моҳ дар ин хусус коре анҷом надодаанд.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Амалиёти Қалъаи Саҳро: Муқовимат дар Кописо ҷабҳаи нав боз кард
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0