Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд

Буҳрони молӣ дар ИМА ба доллар зарар мерасонад ва он мавқеи пешсафии худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Доллар метавонад ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон ғайри қобили эътимод гардад. Дар ин бора вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен изҳори назар кард.
Пеш аз заиф шудани эътимод ба доллар буҳрони молӣ пеш хоҳад омад, ки Иёлоти Муттаҳида талош мекунад, аз он ҷилавгирӣ кунад, гуфт ӯ.
Йеллен гуфт, барои пешгирии чунин вазъ Вашингтон бояд ҳадди ниҳоии қарзи миллиро баланд бардорад, то маблағгузории ташаббусҳои қаблии Конгрессро таъмин кунад.
Набудани чораҳои қатъӣ боиси таъхир дар пардохти маоши хидматчиёни ҳарбӣ, имтиёзҳо, инчунин боздоштани пардохти маблағҳои аз ҳисоби андоз баргардондашуда барои кӯдакон мегардад.

"Вазъияти коғазҳои қиматноки хазинадорӣ - дороиҳои боэътимоди ҷаҳон ва инчунин доллар ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон тағйир хоҳад ёфт", - гуфт Йеллен.

Қаблан Сенати ИМА барои муваққатан боло бурдани ҳадди қарзи давлатӣ 480 миллиард доллар овоз дод. Ҳамин тариқ кишвар метавонад дефолтро ба таъхир гузорад, ки то 3 декабр маблағ кофӣ хоҳад буд.
Иқтисоддон: Моҳи октябр доллар бо "сюрприз"-ҳои ногувор дучор хоҳад шуд
Аммо ин ташаббус бояд дар Палатаи намояндагон тасдиқ карда шавад ва пас аз он санадро раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден баррасӣ хоҳад кард.
Йеллен гуфт, ки захираҳои хазинадорӣ пас аз 18 октябр тамом мешаванд.