ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Бархе созмонҳои башардӯстона ва Созмони Милали Муттаҳид ахиран аз кишварҳои узви ин созмон хостанд, то фавран кумакҳоеро, ки моҳи сентябр ба Афғонистон ваъда карда буданд, амалӣ кунанд.
Ин созмон гуфтааст, ки кумаки молии 606 миллион доллар барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба 10 миллион шаҳрванди Афғонистон, ки дар моҳи сентябр дархост шуда буд, то кунун танҳо камтар аз 40 дарсади ин кумакҳо таъмин шудааст.
Созмонҳои кумакрасони башардӯстона аз кишварҳо даъват карданд, ки ба ваъдаҳои додаи худ дар бораи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон пеш аз фаро расидани зимистон ва пеш аз он ки дер шавад, вафо кунанд.
Ҳамзамон онҳо афзуданд, тақрибан нисфи аҳолии Афғонистон танҳо барои зинда мондан ба кумак ниёз доранд.
Аз сӯи дигар Созмони Милал аз бад шудани вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки низоми тандурустӣ комилан хароб мешавад ва иқтисод дар остонаи рукуд қарор дорад.
Ин созмон ваъда додааст, ки дар канори мардуми Афғонистон хоҳад буд ва дастгирии занону духтарон ва ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмиро идома медиҳад. Онҳо инчунин гуфтаанд, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ дар бахши тандурустӣ ва маориф кор хоҳанд кард.
Морини Динкоҷумаҷ, муовини намояндаи Ожонсии паноҳандагон Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Адами иқдоми фаврӣ ба ночор мунҷар ба буҳрони инсонии амиқтар ва оворагии бештар мешавад, ки на танҳо паёмадҳои минтақаӣ, балки ҷаҳонӣ хоҳад дошт.