ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон амали сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Қамчибек Тошиев дар таҷлили Рӯзи Истиқлолият боиси баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Ҳангоми иҷрои суруди миллӣ Тошиев дасташро ба синааш гузошт. Ба гуфти корбарон, Тошиев ҳамчун афсари низомӣ бояд дасташро барои саломи низомӣ ба cap мегузошт.
Ин вазъияти баҳсбарангез дар дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шарҳ дода шуд.
Ба гуфти намояндагони шӯъба, тибқи қонун "Дар бораи рамзҳои давлатӣ", ҳозирон ҳангоми иҷрои суруди миллӣ дасти рости худро ба тарафи чапи сина мегузоранд. Тошиев дар қатори меҳмонони фахрӣ буд, аз ин рӯ амали ӯ дуруст аст.
"Ҳангоми садо додани суруди миллӣ, хизматчиёни ҳарбӣ дар саф бидуни фармон як ҳолати роҳпаймоиро мегиранд ва фармондеҳони дар паҳлӯ истода саломи низомӣ медиҳанд. Азбаски Тошиев дар ҳайати меҳмонони фахрӣ буд, ӯ ҳангоми садо додани суруди миллӣ дасти росташро ба синааш гузошт", - шарҳ доданд дар дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Онҳо афзуданд, ки сардори шӯъба ҳамчун як шаҳрванд ва як раҳбари низомӣ кори дуруст кардааст.
Ҳангоми роҳпаймоии ҳайатҳо, Тошиев ба хизматчиёни ҳарбӣ саломи низомӣ дод.
Ба таҳриккунандагони баҳс тавсия дода шуд, ки ба дарки вазъ бираванд ва ба "танқиди бемаъно" роҳ надиҳанд.