ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Дубай ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, қаҳрамонҳо миёни наврасон маълум шуданд.
Дар даври ниҳоӣ миёни наврасон, Руслан Ғафуров дар вазни то 50 кило бо ҳариф аз Ӯзбекистон, Ҳоҷиакбар Маҳмудов вориди майдон шуда, шикаст хӯрд. Ғафуров медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба даст овард.
Ҳашт варзишгари тоҷикистонӣ дар марҳилаҳои нимниҳоӣ шикаст хӯрда, соҳиби медали биринҷӣ шудаанд. Дар қатори барандаҳои медали биринҷӣ аз Тоҷикистон - Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) ном бурда шуданд.
Кумитаи миллии олимпӣ зикр намуд, ки дар Чемпионати Осиё 152 наврас ва 141 ҷавон, дар маҷмуъ 293 нафар, аз ҷумла 84 духтар аз 15 давлат ширкат карданд.
Соли равон бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал инчунин ҷоизапулӣ барои медали тилло 4 ҳазор доллар, медали нуқра 2 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ 1 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифтанд.
Соли равон бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал инчунин ҷоизапулӣ барои медали тилло 4 ҳазор доллар, медали нуқра 2 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ 1 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифтанд.
Дар сабқатҳо миёни наврасон, варзишгарони Ӯзбекистон 9 медали тилло, 7 нуқра, 6 биринҷӣ, муштзанҳои Қазоқистон 8 тилло, 9 нуқра, 8 биринҷӣ ва варзишгарони Ҳиндустон 8 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ, Эрон 1 тилло, 2 биринҷиро соҳиб гаштаанд.