ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Қаблан шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои таҳти идораи “Толибон”* ин хабарро пахш карда буданд, ки нерӯҳои ин гуруҳ ба Панҷшер ҳамла бурдаанд ва ё Аҳмади Масъуд, раҳбари Муқовимати миллии Афғонистон ба онҳо таслим шудааст.
Ин ахбор сиҳат надоштанд ва ҷанбаи таблиғотӣ доштанд, ки аз сӯи Муқовимати миллӣ такзиб шуданд. Бино ба иддаои "Толибон"*, се вулусволии вилояти Бағлон – Бану, Пули Ҳисор ва Деҳ Салоҳро, ки чанд рӯзи қабл аз сӯи нерӯҳои хезишҳои мардумии таҳти назорати Муқовимати миллии Афғонистон озод шуда буданд, дигарбора ба дасти ин гуруҳ афтодаанд.
Ин ба он маъност, ки “Толибон”* аз ҷониби Бағлон дигарбора ба марзҳои Панҷшер расиданд ва дара дар муҳосираи пурраи онҳо афтод. Аммо чаро онҳо ба Панҷшер ҳамла намекунанд?
Sputnik Тоҷикистон ин суолро бо Ҳафиз Мансур, узви Шӯрои Муқовимати миллии Афғонистон ба миён гузошт.
Мавсуф се далелро пеш овард. Вай гуфт, аввал омили таърихӣ аст, ки "Толибон"* дар гузашта 5 сол (1996 – 2001) барои ишғоли Панҷшер ҷангиданд, аммо ба мушкилот мувоҷеҳ шуданд ва дастоварде надоштанд.
“Корашон ба ин ҷо кашид, ки ҳукуматашон маҳз ба дасти муқовимати шуруъшуда аз Панҷшер ва ҳимояти байнулмилалӣ суқут кард. Ҳоло фикр мекунанд, ки агар ҳамла кунанд, боз ҳам дастоварде нахоҳанд дошт. Вақте дар Панҷшер шикаст бихӯранд, ҳайбату обрӯи инҳо мерезад, доманаи ҷанг дар Афғонистон густариш пайдо мекунад ва таваҷҷӯҳи ҷаҳон бештар аз ҳоло ба Панҷшер ҷалб мешавад. Ин воқеият ҳам рӯшан хоҳад шуд, ки ишғоли дигар вилоятҳои Афғонистон воқеан як тавтеа буд ва “Толибон”* онҳоро бидуни ҷанг таҳвил гирифтаанд”, - гуфт Ҳафиз Мансур.
Омили дуввумро узви Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон сиёсӣ унвон кард. Вай гуфт, Толибон* Панҷшерро маркази аслии тоҷикон медонанд, зеро бештарин раҳбарони сиёсӣ аз тоҷиктаборон панҷшерӣ ҳастанд.
“Вақте дар ин ҷо ҷанг шавад, заминаи тафоҳум ва гуфтугӯ байни сарони тоҷик ва Толибон* аз байн меравад. Онҳо, ки дар пайи ҷӯр кардани як ҳукумати муштарак ҳастанд, аз сарони тоҷик як нафари матраҳе, ки дунё сари ӯ бовар дошта бошад, нахоҳанд ёфт. Инҳо ба камбуди кадр ва буҳрони машрӯияти сиёсӣ мувоҷеҳ мешаванд”, - гуфт Ҳафиз Мансур.
Сиёсатмадор омили сеюмро хориҷӣ унвон карда, гуфт, Русия ба ҳар далеле саъй дорад, ки монеаи ҳамлаи "Толибон"* ба Панҷшер шавад ва дар нишастҳои ахире, ки ҳайате аз Афғонистон ба Покистон рафта буд, покистониҳо ҳам ваъда супурданд, ки намегузоранд "Толибон"* ба Панҷшер ҳамла кунанд.
“Ин се далел аст. Аммо бояд гуфт, ки умдатан сиёсатмадорони толиб хостори ҳалли сиёсии масъала ҳастанд, аммо низомиёни толиб дар раъси Қаюми Зокир, масъули самти шимоли Афғонистон, хеле муштоқи ин ҳастанд, ки ба Панҷшер ҳамла кунанд”, - гуфт Ҳафиз Мансур.
Дар ҳамин ҳол, Адиб Фаҳим, писари маршал Қосими Фаҳим дар Кобул қарор дошта, аз мулоқотҳои ӯ бо раҳбарони “Толибон” низ гузоришҳо пахш мешаванд ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке дигар аз чеҳраҳое, ки намояндаи Ҷамъияти исломӣ, ҳизби тоҷикони Афғонистон ва номзади панҷшериҳо дар интихоботҳои президентии солҳои 2009, 2014 ва 2018 ба ҳисоб мерафт, низ ҳамкори “Толибон”* аст.
Ин ду маврид ин ҳадсу гумонро ба вуҷуд меорад, ки “Толибон” талош доранд барои машруъияти худ ва ин даъвояшон, ки як “ҳукумати афғонистоншумул” эҷод хоҳанд кард, тоҷикони “худӣ” – и худро пайдо мекунанд.
Ҳафиз Мансур гуфт, доктор Абдуллоҳ номзади тоҷикон буд, аммо наметавон ӯро комилан намояндаи тоҷикон унвон кард, зеро аз ҷониби падар паштун аст.
“Бешак, “Толибон” талош доранд, ки нухбагони тоҷикро ҷалб кунанд. Аммо писари Фаҳимхон халоро пур карда наметавонад. Ҳоло тақрибан 98% чеҳраҳои матраҳ ва раҳбарони Шимолӣ – Панҷшер, Парвон ва Кописо – дар Афғонистон нестанд. Ё дар хориҷа ҳастанд, ё дар Панҷшер ҳузур пайдо кардаанд ё дар ҷойҳое пинҳон шудаанд. Бо ҷалби чеҳраҳое назири Адиб Фаҳим “Толибон”* мекӯшанд дар миёни тоҷикон тафриқа андозанд ва нишон диҳанд, ки ҳамагӣ аз онҳо розист”, - гуфт ӯ.
Тоҷикон, бино ба гузоришҳои тахминӣ, дуввумин қавми Афғонистон ба шумор рафта, тақрибан 30 то 40% аҳолии ин кишварро ташкил мекунанд. Тайи 20 соли ахир калидитарин намояндагони ҳукумати Афғонистон аз миёни тоҷикон панҷшерӣ буданд, назири маршал Қосими Фаҳим, Юнус Қонунӣ, Ориф Сарварӣ, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва дигарон. Амруллоҳ Солеҳ, панҷшерии дигар, дар ҳоли ҳозир муовини аввали президенти Афғонистон аст.
Вай чанд рӯзи қабл эълон дошт, ки дар ҳоли ҳузур надоштани Ашраф Ғанӣ, президенти фирорӣ, масъулиятҳои президенти Афғонистонро ӯ ба зимма дорад. Аз ӯ Муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад. Панҷшер дар ҳоли ҳозир танҳо вилояти Афғонистон аст, ки таҳти султаи Толибон нест ва аз низоми Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳимоят дорад.
Бақия 33 вилояти ин кишвар дар зарфи як ҳафта умдатан бидуни ҷанг таслими “Толибон”* шуданд. Ин гуруҳ 15 августи соли равон Кобул – пойтахти Афғонистонро ишғол карда, Иморати исломии худро эълон кард. Ба ҳамин минвол, дар Афғонистон ду меҳвари қудрат ба вуҷуд омадааст – Кобул ва Панҷшер. Аввалӣ марбути Иморати исломии “Толибон” ва дуввуми танҳо вилоятест, ки ҳанӯз Ҷумҳурии исломии Афғонистон вуҷуд дорад. Суқути Панҷшер суқути низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон арзёбӣ мешавад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар