https://sputnik.tj/20210823/manba-nihodho-qudratii-tojikiston-intiqol-siloh-tojikiston-panjsher-1041842707.html
Душанбе интиқоли силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро такзиб кард
Душанбе интиқоли силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро такзиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон иттилои иртиботи ҳавоӣ бо Панҷшерро рад кард
2021-08-23T21:37+0500
2021-08-23T21:37+0500
2021-08-24T11:39+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
ҷанг
суқут
такзиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/39/1028213949_0:6:3069:1732_1920x0_80_0_0_320f21684e558654e31c2c403cb8fbfc.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тоҷикистон иттилои интиқоли силоҳ ва муҳимоти ҷангиро ба Панҷшер такзиб кард, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба як манбаи огоҳ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон.Пештар як расонаи афғонӣ, Herat Times хабар дод, ки гӯё ҷабҳаи муқовимати Панҷшер аз Тоҷикистон тариқи чархболҳо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ гирифтааст.Дар ҳамин ҳол, манбаи Sputnik Тоҷикистон аз ҷабҳаи Панҷшер ин иттилоъро рад кард."Иртиботи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Панҷшер роҳандозӣ нашудааст", - гуфт намояндаи ҷабҳа.Сипас, дабири кулли СПАД Станислав Зас низ изҳор дошт, ки аз интиқол ёфтани силоҳ ва ҳама гуна муҳимот аз Тоҷикистон ба Панҷшер созмон иттилое надорад.Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки таҳти назорати ҷангиён нест. Ҷабҳа дар як вилояти кӯҳистонӣ дар шимолу шарқи Кобул фаъол аст, ки аз ҷиҳати аҳолӣ ва масоҳати хурдтарин дар кишвар аст.
https://sputnik.tj/20210823/spad-siloh-tojikiston-panjsher-1041841551.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/39/1028213949_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_bf055b991d053188b46d795bb7efe8c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷшер силоҳ тоҷикистон
Душанбе интиқоли силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро такзиб кард
21:37 23.08.2021 (Навсозишуда: 11:39 24.08.2021) Тоҷикистон иттилои иртиботи ҳавоӣ бо Панҷшерро рад кард
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тоҷикистон иттилои интиқоли силоҳ ва муҳимоти ҷангиро ба Панҷшер такзиб кард, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба як манбаи огоҳ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон.
"Маълумоте, ки гӯё чархболҳои нирӯҳои муқовимати афғон аз Тоҷикистон силоҳ ва муҳимоти ҷангиро интиқол додаанд, асос надорад", - изҳор доштааст вай.
Пештар як расонаи афғонӣ, Herat Times хабар дод, ки гӯё ҷабҳаи муқовимати Панҷшер аз Тоҷикистон тариқи чархболҳо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, манбаи Sputnik Тоҷикистон аз ҷабҳаи Панҷшер ин иттилоъро рад кард.
"Иртиботи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Панҷшер роҳандозӣ нашудааст", - гуфт намояндаи ҷабҳа.
Сипас, дабири кулли СПАД Станислав Зас низ изҳор дошт, ки аз интиқол ёфтани силоҳ ва ҳама гуна муҳимот аз Тоҷикистон ба Панҷшер созмон иттилое надорад.
Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки таҳти назорати ҷангиён нест. Ҷабҳа дар як вилояти кӯҳистонӣ дар шимолу шарқи Кобул фаъол аст, ки аз ҷиҳати аҳолӣ ва масоҳати хурдтарин дар кишвар аст.