https://sputnik.tj/20210824/soleh-tolibon-ijoza-ghizo-kudakon-sipari-zinda-1041852747.html
Солеҳ: Толибон* иҷозаи вуруди ғизо намедиҳанд, кӯдаконро сипари зинда мекунанд
Солеҳ: Толибон* иҷозаи вуруди ғизо намедиҳанд, кӯдаконро сипари зинда мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон, аъмоли ваҳшатангези Толибонро* дар минтақаи Андаробро тасвир кард
2021-08-24T14:40+0500
2021-08-24T14:40+0500
2021-08-24T14:40+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
ҷанг
толибон
осиёи марказӣ
масъуд аҳмад
амруллоҳ солеҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680545_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_960ac95b18ce969a3964f851b0210cd7.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Толибон* кӯдакону солхӯрдагонро гирифта, чун сипари зинда зимни ҳаракаташон истифода мебаранд, изҳор дошт Амруллоҳ Солеҳ дар Twitter. Ӯ вазъи башарӣ дар кишварро фоҷиа арзёбӣ кард. Толибон* ғизо ва маводи сӯхтро ба ноҳияи Андароб роҳ надода истодаанд, иттилоъ дод сиёсатмадор. Ноиби раисиҷумҳури Афғонистон афзуд, ки занону кӯдакон низ аз ҷангиёни Толибон* ба куҳҳо гурехта истодаанд ва теъдоди чунин фирориён ҳазорҳо нафар мебошад. Ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон инчунин ахиран дар суҳбат бо India Today гуфт, ҷонибдори музокиротанд, аммо агар музокирот самарае надиҳанд, омодаи ҷанганд."Толибон* даъво доранд, ки қисме аз Панҷшерро гирифтаанд, ин дурӯғи комил аст. Мо вазъро назорат дорем ва руҳия қавист, одамон омодаанд дар роҳи муқовимат ҷон диҳанд", - изҳор дошт Солеҳ.Ӯ афзуд, ки ба Толибон* паём додаанд, ки агар ҷанг хоҳанд, нерӯҳои муқовимат омодаанд, аммо агар музокирот мехоҳанд, он набояд ба моилсозӣ ба байъату кумак дар таъмини диктатураи Толибон* бошад.Феълан ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* Панҷшер мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар он ҷо ҷамъ омада, иддао доранд, ки дар сурати розӣ нашудани ҷангиёни Толибон* ба ташкили як ҳукумати ҳамашумул, онҳо то охир мубориза хоҳанд бурд.Мақомдорони Русия мегӯянд, дар сурати ҳал нашудани қазияи Панҷшер тариқи музокирот эҳтимоли сар задани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҷой дорад.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210824/7-rahbar-afghoniston-malum-shud-1041851809.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680545_102:0:2833:2048_1920x0_80_0_0_726cd6f5382bf2f73a9d930581567fbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амруллоҳ солеҳ, толибон, раисиҷумҳур, афғонистон
амруллоҳ солеҳ, толибон, раисиҷумҳур, афғонистон
Солеҳ: Толибон* иҷозаи вуруди ғизо намедиҳанд, кӯдаконро сипари зинда мекунанд
Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон, аъмоли ваҳшатангези Толибонро* дар минтақаи Андароб тасвир кард
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Толибон* кӯдакону солхӯрдагонро гирифта, чун сипари зинда зимни ҳаракаташон истифода мебаранд, изҳор дошт Амруллоҳ Солеҳ дар Twitter.
Ӯ вазъи башарӣ дар кишварро фоҷиа арзёбӣ кард. Толибон* ғизо ва маводи сӯхтро ба ноҳияи Андароб роҳ надода истодаанд, иттилоъ дод сиёсатмадор.
Ноиби раисиҷумҳури Афғонистон афзуд, ки занону кӯдакон низ аз ҷангиёни Толибон* ба куҳҳо гурехта истодаанд ва теъдоди чунин фирориён ҳазорҳо нафар мебошад.
"Тайи ду рӯзи охир Толибон* кӯдакону солхӯрдагонро медузданду зимни ҳаракаташон ё бозҷӯии хонаҳо чун сипари зинда истифода мекунанд", - навиштааст Солеҳ.
Ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон инчунин ахиран дар суҳбат бо
India Today гуфт, ҷонибдори музокиротанд, аммо агар музокирот самарае надиҳанд, омодаи ҷанганд.
"Толибон* даъво доранд, ки қисме аз Панҷшерро гирифтаанд, ин дурӯғи комил аст. Мо вазъро назорат дорем ва руҳия қавист, одамон омодаанд дар роҳи муқовимат ҷон диҳанд", - изҳор дошт Солеҳ.
Ӯ афзуд, ки ба Толибон* паём додаанд, ки агар ҷанг хоҳанд, нерӯҳои муқовимат омодаанд, аммо агар музокирот мехоҳанд, он набояд ба моилсозӣ ба байъату кумак дар таъмини диктатураи Толибон* бошад.
Феълан ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* Панҷшер мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар он ҷо ҷамъ омада, иддао доранд, ки дар сурати розӣ нашудани ҷангиёни Толибон* ба ташкили як ҳукумати ҳамашумул, онҳо то охир мубориза хоҳанд бурд.
Мақомдорони Русия мегӯянд, дар сурати ҳал нашудани қазияи Панҷшер тариқи музокирот эҳтимоли сар задани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҷой дорад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар