Зокирзода салому эҳтироми Эмомалӣ Раҳмонро ба Раисӣ расонд

Маҳмадтоир Зокирзода ба кишвардори тозатаъйини Эрон барои даъвати ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки феълан дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, бо кишвардори тозаинтихоб, Иброҳим Раисӣ мулоқот намудааст, хабар медиҳад котиботи парлумони Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Зокирзода нахуст ба раисиҷумҳури Эрон салому эҳтироми Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистонро расонд.
Зимнан, барои даъват шудани ҳайати расмии парлумони Тоҷикистон ба ҷаноби Раисӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.
Зокирзода барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Раисӣ ба Эрон рафт
Дар идома, Зокирзода қайд намудааст, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
"Пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозанд, ки ба ҳамкории судманд ҳарчи бештар рушду густариш бахшем”, - афзудааст Зокирзода.
Гуфта шуд, ки ҳоло миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гурӯҳи дӯстӣ ташкил шудааст.
Ин гурӯҳ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Маҳмадтоир Зокирзода рӯзи 4 август ба хотири иштирок дар маъракаи савгандёдкунии Иброҳим Раисӣ вориди Эрон шуд ва сафари ӯ дар ин кишвар то 8 август идома меёбад.