Зокирзода барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Раисӣ ба Эрон рафт

© Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагонМаҳмадтоир Зокирзода дар Эрон
Маҳмадтоир Зокирзода дар Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Обуна шудан
Маҳмадтоир Зокирзода ба ҷойи кишвардори Тоҷикистон ба маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон озими он кишвар шуд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ озими Эрон шуд, иттилоъ додааст ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Ба иттилои манбаъ, Зокирзодаро дар фурудгоҳи Теҳрон намояндагони воломақоми парлумони Эрон пешвоз гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар бинои фурудгоҳ, Зокирзода бо ҳамтоёни худ масъалаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Эрону Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.
"Итминон дорам, ки сафари мо дар инкишофи робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар, ки дорои таъриху фарҳанг ва забони муштарак мебошанд, нақши муайянеро анчом хоҳад дод", - изҳор дошт Зокирзода.
Ҳадаф аз сафари Зокирзода ба Эрон иштирок дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон мебошад, ки рӯзи 5 август баргузор мегардад.
Қаблан, барои ҳузур пайдо кардан дар ин маросим ҳукумати Эрон унвонии Эмомалӣ Раҳмон даъватнома фиристода буд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Раҳмон ба маъракаи савгандёдкунии Президенти Эрон намеравад: сабабашро Муҳриддин шарҳ дод
Аммо кишвардори Тоҷикистон ба далели сафари тарҳрезишуда ба Ҷумҳурии Туркманистон натавонист дар маросими савгандёдкунии Сайид Иброҳим Раисӣ ширкат варзад.
Манбаъ меафзояд, сафари Зокирзода ба Эрон то 8 август идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0