Тасдиқ шуд: ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистон кори дасти Толибон* аст

Ҷунбиши Толибон* масъулияти ҳамла ба манзили вазири дифои Афғонистонро, ки як рӯз пеш сурат гирифт, бар ӯҳда гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Ғарб, раҳбарияти Толибон*, масъулияти ҳамла ба манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистонро дар шаҳри Кобул бар уҳда гирифтанд.
Ҳамла як рӯз пеш рух дод, ки дар натиҷаи ин ҳамла 8 нафар кушта ва 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, як мошин дар наздикии хонаи вазири дифои Афғонистон мунфаҷир шуд ва пас аз он чанд ашхоси мусаллаҳ ба манзили вазир ҳамла кард.
Навор аз хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ баъд аз ҳамлаи террористӣ - видео
Бояд қайд кард, ки дар ин ҳамлаи террористӣ вазири дифоъ ва аъзои оилаи ӯ осеб надидаанд. Ҳангоми ҳамла Муҳаммадӣ дар хона набуд ва аъзои оилаи ӯ сари вақт ба ҷои амн интиқол дода шуд.

"Ин ҳамла оғози амалҳои ҷавобӣ алайҳи он раҳбарони ҳукумати Кобул аст, ки фармон дар барои ҳамла ва бомборон кардани манотиқи мухталифи кишварро доданд", гуфт ба расонаҳо сухангӯи расмии Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид.

Вай ёдрас шуд, ки қаблан низомиёни Афғонистон ва ИМА ба Толибон* ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода буданд.
Вокуниши Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳамлаи мусалаҳона болои хонаи вазири дифоъ
Вай гуфт, ки Толибон* ҳамлаҳои худ бар зидди мақомдорони Афғонистонро идома медиҳанд.
Бино ба иттилои вазорати дифои Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе, нерӯҳои афғонистон дар як шабонрӯзи охир 274 ҷонибдорони Толибон*-ро ба қатл расонда, 119 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар