Аввалин фирориҳо ба Бадахшони Тоҷикистон пас аз фатҳи Нусай аз сӯи Толибон*

Нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезиши мардумии вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон дар пайи фишори Толибон ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 230 афсару сарбози пулис, марзбонӣ, вазорати дифоъ, амният ва хезиши мардумии вулусволии Нусай бидуни ҷанг деҳаи Нусай, маркази ин вулусволиро ба Толибон* таслим карданд ва бегоҳи дирӯз, 4 июл, ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурданд.
“Ба хотири ҷилавгирӣ аз харобиҳо ва нарехтани хуни ноҳақ нерӯҳои мо тасмим гирифтанд, ки аз тариқи посгоҳи Рузвай – Нусай ба ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ақибнишинӣ кунанд. Кишвари дӯст ба хотири поси арзишҳои башарӣ ва ҳамсоядорӣ ин нерӯҳоро паноҳ дод. Аммо мо ба зудӣ вулусволиро дигарбора ба даст хоҳем гирифт”, - гуфт ин манбаъ.
Ин аввалин мавриди паноҳ бурдани низомиёну ҷангиёни хезишҳои мардумии Афғонистон дар пайи фишори Толибон* ба Тоҷикистон нест.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 22 июни соли равон дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи Толибон* ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Кундуз ҳудуди 134 сарбози ҳукуматӣ ва хезиши мардумии Афғонистон тавассути гузаргоҳи Панҷи Поён ба Тоҷикистон гузаштанд.
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ғанӣ: Президент аз убури низомиёни афғон нигарон аст
Бино ба ин манбаъ, 27 июн 17 низомии дигар аз вулусволии Калдори вилояти Балх тариқи минтақаи сарҳадии Шаҳритус ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Ҳамчунин шоми 3 июл аз вулусволиии Хоҳони Бадахшони Афғонистон бештар аз 300 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон тариқи ду дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба худуди Тоҷикистон гузаштанд.
Суқути вулусволии Нусай дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш вулусволиҳои Шикай ва Куфоб дар минтақаи Дарвозҳои Бадахшони Афғонистон низ аз сӯи Толибон* забт шуданд, аммо ба зудӣ нерӯҳои ҳукуматӣ бо иттифоқи хезишҳои мардумӣ онҳоро бозпас гирифтанд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, то ба ҳол Толибон аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 – тояшро забт кардааст. Дирӯз дар Тахор, вилояти дигари ҳаммарз бо Тоҷикистон, охирин вулусволии он – Варсач низ суқут кард ва 16 вулусволии ин вилоят таҳти султаи Толибон* қарор дорад.
"Афғонистон пош мехӯрад": як қисми онро Душанбе ва Тошканд мегиранд
Шаҳри Толиқон – маркази ин вилоят – танҳо ҷуғрофиёест, ки таҳти идораи нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ қарор дорад ва пурра муҳосира шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, Толибон аз моҳи май ба ин сӯ беш аз 150 вулусволӣ дар саросари Афғонистонро пурра таҳти султаи худ қарор додаанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.