ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хоҳишмандон – муҳоҷирони корӣ метавонанд то санаи 23 июн санадҳои худро ба ба Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121 барои таъмини кор супоранд.
Тибқи иттилои манбаъ, Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо ширкати сохтмонии “ПИК-Модул”-и шаҳри Москва номнавис ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳуриро оғоз намудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки муҳлати қабул танҳо се рӯз, аз 21 то 23 июни соли равон муайян шудааст.
“Музди меҳнати кормандон 55 -65 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон чипта ройгон буда, тамоми хароҷот аз ҷониби ширкати сохтмонии "ПИК Модул" пардохт карда мешавад. Рӯзи корӣ аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳирӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки ширкати мазкур барои фаъолияти меҳнатӣ мардони то синни 43 соларо ба кор қабул мекунад.