ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин барпо шуд, Вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон Русия ва Дабири кулли СААД Станислав Зас ширкат доштанд.
Қабл аз ҷаласаи мазкур вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СААД бо Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот карданд.
Дар Душанбе чӣ масоил баррасӣ шуд
Дар рафти ҷаласа, ки дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор шуд, ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилаливу минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазирон ба нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои авлавиятнок, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, таваҷҷуҳи хос доданд.
Дар ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ чанд изҳоротро қабул карданд. Аз ҷумла, изҳоротҳо доир ба 75-умин солгарди ҳукми Трибунали байналмилалии ҳарбӣ дар Нюрнберг, дар бораи тамдиди Паймон байни Русия ва Амрико дар бораи чораҳои кам ва маҳдуд кардани силоҳи стратегии таҳоҷумӣ (СНВ-3), инчунин оид ба ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ қабул гардиданд.
Вузарои хориҷа инчунин қарор “Оид ба чораҳои муштараки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви Созмон роҷеъ ба таҳкими корҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти СААД” ва Нақшаи машваратҳои намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои узви СААД оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 – нимаи аввали соли 2022-ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Нигаронии СААД аз марзҳо
Мавзӯи амният дар минтақа ба яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар мулоқоти вазирон табдил ёфт
Бо дарназардошти хуруҷи қарибулвуқӯи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, вазирони корҳои хориҷӣ ба вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
“Изҳор гардид, ки вазъи Афғонистон ба минтақаи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири мустақим дорад ва дар ин робита роҷеъ ба аҳаммияти таҳкими марзҳои ҷанубии СААД ҳамраъйӣ баён карданд. Дар ин росто, зарурати ҳамоҳангсозӣ ва қабули лоиҳаи Барномаи байнидавлатӣ оид ба таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмон ва бо дастгирии коршиносони Котиботи СААД таҳия шудааст, таъкид гардид”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Баъд аз ҷаласа зимни нишасти матбуоти Сергей Лавров ба хабарнигорон гуфт, ки муҳимтарин мавзӯи ҷаласа афзоиши таҳдиди террористӣ аз Афғонистон буд.
"Мо аз фаъол шудани ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигарон ҳастем, омодаем ба Душанбе дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонуии маводи мухаддир ҳама кӯмакҳои заруриро расонем", - гуфт Сергей Лавров.
Вай як қатор чораҳоро оид ба таҳкими марз, аз ҷумла дар бораи сохтмони посгоҳи марзӣ эълон кард.
Муноқишаҳои марзӣ
Бино бар муроҷиати расмии ҷониби Арманистон, бо дастури Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа вазирони хориҷаи СААД, вазъи баамаломада дар марзи Арманистону Озарбойҷон низ баррасӣ шуд.
Намояндагони кишварҳои СААД бошад, муноқишаи ахири Тоҷикистону Қирғизистон ва афзоиши фаъолияти кишварҳои НАТО дар наздикии марзҳои Иттиҳодро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа инчунин ба ҳодисаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва афзоиши фаъолияти кишварҳои НАТО дар наздикии марзҳои Иттиҳодия ишора шуд. Вазирон бар он ақида буданд, ки ин гуна масъалаҳо бояд танҳо тавассути гуфтушунид ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои барои ҳар ду ҷониб қобили қабул бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳаллу фасл шаванд.
Лавров гузариш аз низоъ дар марз ба ҳамкориро намунаи мусбати ҳарду ҷумҳурӣ номид.
"Мо хеле хурсандем, ки марҳилаи гарми муноқиша дар гузашта монд. Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки кишварҳо дар самти демилимитатсия ва аломатгузории марз корро шурӯъ кардаанд. Ин барои тамоми фазои пасошӯравӣ намунаи хеле хуб аст", - гуфт вазири хориҷаи Русия.
Дабири кулли СААД Станислав Зас низ зимни баррасии вазъи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт, ки ҳамаи аъзои созмон, азсаргирии раванди гуфтушунид ва ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои баҳснокро мусбат арзёбӣ мекунанд.
"Дар ин робита, бояд созиши президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои марзӣ бо усулҳои сиёсию дипломатӣ дар рӯҳияи шарикиву ҳамсоягии нек, ки дар асоси фаъолияти Созмони мо қарор доранд, махсус қайд карда шаванд", - гуфт Зас.
Дабири кулли СААД, таваҷҷӯҳро ба афзоиши ҳузури НАТО ҷалб кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш RT бо истинод ба як манбаъ артиши ИМА хабар дод, ки мақомоти Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд дар 20 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна аз ҷумла дар Тоҷикистон бо харҷи 250 миллион доллар пойгоҳҳои низомӣ бунёд намояд.
Гуфта шудааст, ки дар ҷаласа бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба фаъолияти Созмон, вазирон инчунин доираи эҳтимолии кишварҳо ва созмонҳое, ки метавонанд мақоми Нозир ва Шарики СААД-ро ба даст оранд, баррасӣ намуданд.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки қабл аз ҳама номзадии давлатҳо ва созмонҳое, ки бо СААД тамосу ҳамкориҳо барқарор кардаанд, аз ҷумла ИДМ ва СҲШ, мавриди баррасӣ қарор гирад.
Муҳоҷирон ва донишҷӯён
Сергей Лавров дар доираи сафари кориаш ба Тоҷикистон на танҳо дар кори ҷаласаи вазирони хориҷаи СААД иштирок кард, балки бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯ дошт. Дар мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо қабл аз ҳама пурра барқарор намудани парвозҳо мустақим ва мушкилоти муҳоҷиратиро баррасӣ карданд.
Ҳамин тариқ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дархости афви муҳоҷирони тоҷикро матраҳ кард ва бо таассуф ба афзоиши шумораи шаҳрвандоне, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд, ишора кард.
" "Бисёре аз онҳо ба рӯйхати ба истилоҳ мамнӯъ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шомил карда шуданд. Мо аз ҷониби Русия хоҳиш кардем, ки дар ҳалли мусбати ин масъала мусоидат кунад" , - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бори дигар таваҷҷӯҳро ба вазъи ҳанӯз номуайяни ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ҷалб кард.
Вазири умури хориҷӣ тавзеҳ дод, ки бастаи санадҳои марбут ба муҳоҷират барои омадани Владимир Путин аз ҷониби Тоҷикистон омода мешавад.
Дар навбати худ, Лавров гуфт, ки ҳукумати Русия мехоҳад ҳар чӣ зудтар ҳаҷми парвозҳои доимиро бо Тоҷикистон барқарор кунад. Аз ҷумла ин кор бояд барои бозгашти ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд - ин тақрибан 20 ҳазор нафарро сурат бигирад.
Мавзӯи дигари марбут ба соҳаи маориф бунёди панҷ мактаб дар Тоҷикистон аст, ки таълим дар онҳо тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, маросими гузоштани санги асос, моҳи оянда баргузор мешавад ва мактаббачагон метавонанд таҳсилро дар ин муассисаҳои таълимӣ аз моҳи сентябри соли 2022 оғоз кунанд.
Ғайр аз масъалаҳои маориф ва муҳоҷират, тарафҳо инчунин мубориза бо пандемияи COVID-19, алахусус истифодаи ваксини “Спутник V” дар кишварро, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ барои он дархост карда буд, баррасӣ карданд. Дуруст аст, ки ҷузъиёт дар бораи мӯҳлат ва ҳаҷми интиқоли ваксинаи русӣ ҳанӯз маълум нест.
Мавзуи дигари муҳим ин кумакҳои низомии Русия ба Тоҷикистон буд. Русия бори дигар таъкид кард, ки ба Тоҷикистон дар навсозии артиш кумак хоҳад кард.
"Мо кумаки Русияро дар мусоидат барои навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муҳокима кардем, розӣ шудем, ки минбаъд низ нақшаҳои пешбинишударо пурра иҷро кунем", - гуфт роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Илова бар ин, пас аз мулоқоти ду вазир, замони сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон маълум шуд.
Раҳбари Русия дар нимаи моҳи сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.