https://sputnik.tj/20210519/lavrov-maskav-ravobit-havoi-tojikiston-barqaror-1039543187.html
Лавров: Маскав мехоҳад ҳар чӣ зудтар равобити ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад
Лавров: Маскав мехоҳад ҳар чӣ зудтар равобити ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои СААД ҷараён дорад 19.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-19T10:28+0500
2021-05-19T10:28+0500
2021-05-19T12:40+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
нақлиёт
сергей лавров
дар русия
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/12/1032646591_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_0281ec8c806d12885b84c7dd57a4d678.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ҳоло дар Душанбе давом дорад, ба масъалаи пурра барқарор гардидани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.Дар робита ба ин масъала вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров таъкид намуда, изҳор дошт, ки Маскав ҷонибдори ҳарчӣ зудтар барқарор шудани равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистон аст.Рӯзи гузашта мақомоти авиатсионии тоҷик аз манъи парвози ду ширкати ҳавоӣ русиягӣ S7, ки номи расмияш "Сибир" мебошад ва "Серверний ветер" дар масири Русия ва Тоҷикистон хабар доданд.S7 бо нашри изҳорот эътироф намудааст, ки мушкилоти муайяне зимни гирифтани иҷозатномаи парвозҳо ба Тоҷикистон дорад."Мо ният дорем, ки ин масъалаҳоро тариқи реҷаи корӣ дар ояндаи наздик ба танзим дарорем. Дастури манъи комили парвозҳо аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ворид нашудааст", - илова намуданд дар S7.Ахиран Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои русиягии "Сибир" ва "Северний ветер" - ро манъ карда, далелашонро гаронии нархи чиптаҳояшон гуфт. Феълан мусофирони масири Тоҷикистону Русия мегӯянд, ягон ширкати анҷомдиҳандаи парвозҳо дар ин масир нархҳои қаблан эълонкардаи Ожонси гражданиро риоя накарда, нархҳоро ба маротиб қимат фурӯхта истодаанд.
https://sputnik.tj/20210518/sozishro-ijro-nakardand-charo-parvozhoi-du-shirkati-havonavardi-man-shud--1039523387.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/12/1032646591_130:0:2859:2047_1920x0_80_0_0_d71cbc00ab4b121b935696da62a10c3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, равобити ҳавоӣ
тоҷикистон, русия, равобити ҳавоӣ
Лавров: Маскав мехоҳад ҳар чӣ зудтар равобити ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад
10:28 19.05.2021 (Навсозишуда: 12:40 19.05.2021) Дар Душанбе ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои СААД ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ҳоло дар Душанбе давом дорад, ба масъалаи пурра барқарор гардидани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.
Дар робита ба ин масъала вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров таъкид намуда, изҳор дошт, ки Маскав ҷонибдори ҳарчӣ зудтар барқарор шудани равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистон аст.
"Мо мехоҳем, ҳарчӣ зудтар басомад ва ҳаҷми ҳаракати ҳавоии мунтазамро барқарор кунем, аз ҷумла барои бозгашти ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд. Ин тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад", - афзудааст Лавров.
Сергей Лавров
Раҳбари ВКХ ФР
Рӯзи гузашта мақомоти авиатсионии тоҷик аз манъи парвози ду ширкати ҳавоӣ русиягӣ S7, ки номи расмияш "Сибир" мебошад ва "Серверний ветер" дар масири Русия ва Тоҷикистон хабар доданд.
S7 бо нашри изҳорот эътироф намудааст, ки мушкилоти муайяне зимни гирифтани иҷозатномаи парвозҳо ба Тоҷикистон дорад.
"Мо ният дорем, ки ин масъалаҳоро тариқи реҷаи корӣ дар ояндаи наздик ба танзим дарорем. Дастури манъи комили парвозҳо аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ворид нашудааст", - илова намуданд дар S7.
Ахиран Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои русиягии "Сибир" ва "Северний ветер" - ро манъ карда, далелашонро гаронии нархи чиптаҳояшон гуфт.
Феълан мусофирони масири Тоҷикистону Русия мегӯянд, ягон ширкати анҷомдиҳандаи парвозҳо дар ин масир нархҳои қаблан эълонкардаи Ожонси гражданиро риоя накарда, нархҳоро ба маротиб қимат фурӯхта истодаанд.