https://sputnik.tj/20210519/amniyat-strategiyai-rahmon-vazironi--saad-1039556203.html
Аз амният то таҳияи стратегияи нав: мулоқоти Раҳмон бо вазирони кишварҳои узви СААД
Аз амният то таҳияи стратегияи нав: мулоқоти Раҳмон бо вазирони кишварҳои узви СААД
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо вазирони кишварҳои узви СААД аз омӯзиши фаъолияти гузаштаи Созмон ва таҳияи стратегияи нав гуфт
2021-05-19T14:56+0500
2021-05-19T14:56+0500
2021-05-19T15:39+0500
дар тоҷикистон
саад
мулоқот
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039555865_0:152:3075:1882_1920x0_80_0_0_670929cf42ef14c32f25426178a1533a.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май –Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот кард.Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар мулоқот рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва афзалиятҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин зимн, аз ҷумла ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, қайд карда шуд.Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар СААД мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда, вазифаҳои раёсатро бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Созмон ба таври пурсамар иҷро карда истодааст.Таъкид гардидааст, ки фаъолияти Созмон дар давраи гузашта ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, Стратегияи рушди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ то соли 2025 бо дарназардошти муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок барои оянда таҳия гардад.Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи СААД, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа, амалисозии барномаҳои Созмон оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳокима гардиданд.
https://sputnik.tj/20210519/rusiya-tojikiston-afghoniston-postgoh-marzi-mesozad-1039544158.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039555865_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_eb40edf5972906bc2975dd48013c971f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният, стратегия, раҳмон, вазирони, саад
амният, стратегия, раҳмон, вазирони, саад
Аз амният то таҳияи стратегияи нав: мулоқоти Раҳмон бо вазирони кишварҳои узви СААД
14:56 19.05.2021 (Навсозишуда: 15:39 19.05.2021) Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо вазирони кишварҳои узви СААД аз омӯзиши фаъолияти гузаштаи Созмон ва таҳияи стратегияи нав гуфт
ДУШАНБЕ, 19 май –Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар мулоқот рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва афзалиятҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин зимн, аз ҷумла ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, қайд карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар СААД мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда, вазифаҳои раёсатро бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Созмон ба таври пурсамар иҷро карда истодааст.
Таъкид гардидааст, ки фаъолияти Созмон дар давраи гузашта ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, Стратегияи рушди Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ то соли 2025 бо дарназардошти муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок барои оянда таҳия гардад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи СААД, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа, амалисозии барномаҳои Созмон оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳокима гардиданд.